Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Воситай Раҷаб ба Қаротоғ ба Зоҳид Одинаев ва Саъдуллоев хабар фиристод. Саъдуллоев бо роҳбарӣ ва ҳамроҳии Афзалӣ ва маслиҳати ҳайати фармондеҳии полки 46 Собчак ва Қарамурзо як даста аскар ва отряди ихтиёрии Қаротоғро, ки командираш Абдураҳмон Азизов бо роҳбарии Умар Саидов буданд, гирифта ба Сангичоб равона шуданд, ки Зоҳид Одинаев, Бобораҳим Саидов, Мулло Мирсаид — бисёр фаъолони шӯроӣ ва шахсони мӯътабар ба ин маърака сафарбар карда шуданд.
Дар Сангичоб қароргоҳи Темур муайян карда шуд ва баробари сар шудани тирпарронӣ аввал аспи командири гурӯҳ тир хӯрду сонӣ аспи Темур ва худи ӯ аз дасти росташ ярадор шуд. Темур дид, ки аспаш аз кор баромадааст, бо таппонча онро парронда кушт ва бо дасти чап ҷангкунон аз як ҳавлӣ ба ҳавлии дигари қишлоқ гузашта, барои аз муҳосира берун баромадан кӯшид. Афзалӣ ва Саъдуллоев якчанд маротиба ба Темур бо овози баланд таклиф намуданд, ки таслим шавад, аммо вай таклифи онҳоро рад намуд. Дар ин миён якчанд соат гузашт. Темурро аз ҳавлии пинҳоншудааш ёфта, маҷбур карданд, ки ба майдони кушод барояд, вай ба овози баланд Қориабдуҳамид Абдуллоevi қаротоғиро, ки аввал якчанд вақт дар дастаи Темур буду баъд таслим шуда, акнун дар отряди ихтиёрӣ хизмат мекард, номбар намуда, гуфт: «Биё, Қориҷон, милтиқи маро гир, ман таслим мешавам!». Вақте ки Абдуллоев қомат рост намуда, хост назди Темур равад, Темур ба сӯи ӯ тир холӣ кард, аммо милтикаш кафиду тираш ба Абдуллоев нарасид. Дар ҳамин вақт Сардори шӯъбаи гурӯҳи гарнизони Қаротоғ, ки аз тарафи ақиби Темур дар сой камин гирифта буд, бо як тир Темурро аз по ғалтонд. Дарҳол аз отряди ихтиёрии Абдураҳмон Азизов ва Умар Саидов ба назди Темур давида омаданд, ки вай баробари расидани тир мурдааст, тир аз бехи гӯш даромада, аз пешонӣ баромадааст. Саиси Темур қурбошӣ — Давлат низ дар ҳамин ҷанг аз тарафи отряди ихтиёрии Қаротоғ кушта шуд. Додараш Ҳусейн пинҳон шуд. Вай баъди якчанд моҳ бо ихтиёри худ таслим шуд ва мувофиқи қарори Ҳукумати ҷумҷурии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё