Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

хости азалнавис ҳамин будааст. Тақдирро тағйир кардан нашрояД.

Субҳи содиқ чун бархост, намоз хонд, завҷаҳояшро як-як ба ҳузур пазируфту васият кард.

  • Даврони ҳамсарии мо поён омад. Меоянду маро ба роҳе мебаранд. Ба сафари дуру дароз... Кадомет, ки ҷавонеду бихоҳед, баъд шавҳар кунед. Агар дар пасту баландии ҳаёт амали носавоб, сухани ноҷое аз банда дар тӯли солҳои ҳамсариву ҳамбистарӣ шунида бошед, биҳилам кунед, бубахшедам, азизонам!

  • Ин хел нагӯед, Худо меҳрубон аст... Шояд раҳми илму амалатонро бихӯранд, боз ҷавоб диҳанд, - мегуфтанд занҳо, ки гулӯҳояшон мегирифт, мегиристанд.

  • Биҳилам кардед ё не? - қатъӣ пурсид ӯ.

  • Кардем. Аё, авлиёи барҳақ, сӯфии покдону покназар, мо шуморо ҳазор бор биҳил кардем, аммо шумо моро биҳил намекунед, бузургвор?

  • Шумо медонед, ки Илоҳӣ дар фитрати одамон хоҳише гузоштааст, ки бо ҷуфти худ роғиб бошанд, ин василаи давому бақои насли инсонист. Ман аз ҳар кадоми шумо меҳрубонӣ дидам, нон хӯрдам, розиам, шуморо биҳил кардам! Метавонед ба пеши хешу таборатон биравед, шавҳар кунед, ихтиёр шуморост. Ягона васиятам ин аст, ки пои бетаҳорат нагардед, фарзандони хешро дар рӯҳи покмазҳабӣ, покдоманӣ, худопарастӣ тарбия намоед. Он гоҳ рӯҳи ман орому мададгоратон хоҳад шуд.

Дами субҳ Бозори милиса омада ӯро ба маҳбаси Кӯлоб бурд.

пешина
аз 176
навбатӣ