Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

омадам, то касе пайхас накунад. Ин мардак аз миёни даҳҳо савораҳои роҳ маро шинохт-е, тавба! Маро худо зад, соз саломаш надодам. Паҳ, ин авлиёзодаҳо аҷаб зӯр мешудаанд, агар гуноҳамро намебахшид, муфт мемурдам. Дар қудратат ҷонам, Худо!

XXX

Бобои Эшон ба хона бегоҳӣ расид, дасту рӯй шуст, намози шомро хонд, болои ҷойнамоз, паҳлӯи фарзандон ба тиловату зикр, шукри Худои таъоло машғул шуд.

Моҳи мунир ва ахтарони даври ӯ дар гунбади оҳанкориву кошикории масҷид шӯъла афканда, саховатмандона шазшаъапошӣ менамуданд. Ба назари Ҳазрат ҳеҷ шабе осмон чун ин шаб пуринуртару зеботар набуд. Аз равзани масҷид дастаи нуре рост ба қафаси синаи эшон мерасиду нопадид мегашт. Гӯё шаршарае аз нишоти худовандӣ буд он дастаи анвор. Бо пероҳани сафед, саллаи сафед, риши гирдаи сафед, абрӯвони сафеди дароз-дарози уқобӣ, ӯ ба фариштаи хушбахтӣ шабеҳ буд: сафед, пок, мубарро. Оре, ӯ баръало медонист, ки соатҳои вопасини ҳамсарии ӯ бо завҷаҳо, лаҳзаҳои охирини ҳамдардиву дилсӯзӣ бо фарзандон, гуфтани таъкиду фармоишҳо, имтиҳони охири сӯфиён - шогирдон фаро расидааст. Баръало эҳсос менамуд, ки акнун чун субҳ медамад, ӯ бо тамоми, абадӣ аз хонадони хеш, аз ӯру диёр меравад. Аниқтараш ӯро мебаранд.

пешина
аз 176
навбатӣ