Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Мардак бо лафзи русӣ ному насаби ӯро пурсид. Ҳазрат бо сари хам ҷавоб дод, аммо ба чеҳраи ҳамсӯҳбаташ намехост бинигарад. Чӣ зарур аст? Ҳамаашон як хел, зиштрӯ, масти шароб, чашмонашон сурх, бӯи мутанаффыр аз димогашон берун мешавад. Аммо ҷавони палтопӯш ба ҷои қаҳру газаб бо забони фасеҳи тоҷикӣ бо фарахмандӣ аз аҳлу авлод, хонадони Ҳазрат пурсон шуд. Ӯ ҳамоно лаб фурӯ баста, бо каланд сангрезаҳои бехи шпалаҳоро барчин месохту меандешид, ки ин мардак тоҷикиро кай омӯхтааст ва чӣ мехоҳад? Ҷавон бошад хирагӣ мекард, чун дид бобои Эшон хомӯш аст, боз ҳамон суолҳоро аз нав бо забонҳои туркӣ, қазоқӣ, арабӣ ва русӣ такрор менамуду дилсӯзона аҳвол мепурсид. Чун дид, ки Ҳазрат ба ӯ ҳеҷ таваҷҷӯҳ ва илтифоте надорад, нидо баровард:

  • Эй, марди Худо, ман муриди шумо ҳастам, маҳбаси Кӯлобро ба хотир биёред. Хӯроку пӯшокатона таъмин мекардем, сураҳои намоза ёдам додӣ ва бо шухӣ мегуфтӣ, ки шукр як милиса мусулмон шуд.

  • Мулло Аминӣ? - фуражкаи ҷавонро боло бардошта гарм ба чеҳрааш нигоҳ кард, - барвақт номатро намегирӣ? Дар ҳамин маҳбас кор мекунӣ?

  • Бале, тақсирам, нав аз Кӯлоб омадам, - устоду шогирд якдигарро ба оғӯш гирифтанд. Амин гиря кард, - хайр устод, тақдир ҳамин будааст, аз дасти ҳеҷ кас коре намеояд.

  • Мо ҳам, писарам, аз касе гила надорем, тан ба тақдири Худо додаем. Чизе аз осмон биёяд, замин мебардорад, шукр, ки шумоворе мухлису муридон ҳастанд.

  • Медонӣ, тақсирам, духтари Сардори маҳбасхона се сол боз бо ҳавоси парешон мегардад. Болои ин як ҳафта боз пойҳою дастонаш бо ҳам печидаанд. Ба

пешина
аз 176
навбатӣ