Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
сардор аз боби табибият гап задам. Пагоҳ ба хонаи сардор пеши бемор меравем, бигир бардор либосота, белу каландро ман мегирам, имрӯз дам бигир. Не нагӯй, Худо мадад кунад аз ранҷу азоб якумр халосат мекунем.
- Иншоалҳ, - гуфт бобои Эшон ва ноилоҷ аз дунболи Амин шуд.
Духтараки лоғари рангзард болои дивани мобайни хонаи чароғон, барҳавову гарм дароз кашида буд. Дастонаш болои қафаси синааш барги бедворе меларзиданд. Аз як тараф, як занаки рус маълум, ки модараш аст, бо чашмони ашколуд ва аз ҷониби дигар болои роҳаткурсӣ бо абрӯвони гирифта сардори маҳбас менишаст. Ғарки хаёлоту андӯҳ ҳатто даромадани мӯйсафедро низ базудӣ пайхас накард. Бо хоҳиши бобои Эшон ба мариз пероҳан пӯшониданд.
Ҳазрат намози шомашро хонда, болои сари духтарак омад. Бемор ба ришу мӯи расидаи мардаки ношинос, ки тасбеҳ мегардонду дуъо хонда куф мекард, ҳайратзада менигарист. Ҳамин тартиб се рӯз табобат давом карду рӯзи чаҳорум васваса аз ниҳоди мариз дур гашт, бозувонаш аз ларзиш монданд, нигоҳаш оромтар шуда, баъди ҳафтае ба гап даромад, рӯҳаш қавӣ гашту бо пои худ ба берун мерафтагӣ шуд, кам-кам механдид, бо ҳамсолонаш бозӣ мекард. Мӯйсафед боз ба маҳбасхона баргашт.
Амин рӯзи дигар ба наздаш омада мужда расонид:
-
Сардор дина аз сафар баргашта, духтарчаашро сиҳату саломат, хандон, ғарқи даводаву бозӣ дида фармуд, ки туро пешаш бибарем.
-
Аз номи ман изҳори ризоят бикуну маро ором гузор.
-
Намешавад, гапи сардор қонун аст, рафтем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё