Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
Рӯи дастурхони командони рус пур аз нуклу мавиз, нону шираворӣ буд, соҳибхона бо пероҳани сабук паҳлӯи завҷааш духтарчаашонро дар байн гирифта, интизораш менишастанд. Баробари аз дар даромадани Ҳазрати Эшон, ҷаста бархосту ӯро гарм ба оғӯш кашида, нидо кард:
-
Ой, ой, бобой омад, хуш омадед, попи хуб будай, ташаккур. Ин зиёфат ба шарофати шумост. Яккаву ягона духтараки маро аз марг раҳондӣ. Дини шумо дини хуб будааст, шумо тарафдорони пайғамбар Муҳаммад одамони зӯр ҳастед, эътиқод кардам.
-
Медонӣ, попи тоҷик, Верочкаи моро ҳамаи духтурону попҳои худамон табобат карданд, нашуд, ту аз нав ӯро ба мо бахшидӣ, ташаккур, - мегуфт завҷааш.
Сардор ба қавлаш устувор монд. Номи бобои Эшонро ба қатори одамони ҳар рӯз талафшаванда шомил карда, ӯро озод сохт.
Инак, он рӯзи саодат, рӯзи фирӯзу фархунда фаро расид. Ӯ метавонист ба ҳар куҷо, ки хоҳад, биравад. Ҳазрат бо муридонаш якҷо намози шукрона хонд. Баъд то нисфи шаб бо ниёишу ибодат машғул буд.
- Ё, Худои меҳрубон, дар бахшишҳову тараҳҳумат садқа шавам. Бисёр мехоҳам ин лаҳзаҳо ҷонам қолбади хокӣ тиҳӣ созаду ҷониби ту ба парвоз ояд. Ҳеҷ гумон надоштам, ки дари зиндон боз мешаваду қулфҳо мешикананду маро гӯсел мекунанд. Дар қудрату шаҳоматат садқа шавам. Онеро ҳаст кардаӣ, нест мекунӣ ва боз эҳё месозӣ. Ин қудрат ҷуз ту касеро мансуб нест. Аз гуноҳам бигузар, Парвардигоро! Дигар ба хона барнамегардам. Онҷо қурбу манзалат ва мартабаи одами асил коҳиш ёфтааст, ислом хору зор аст. Бо завҷаҳоям видоъ кардаам, фарзандонамро дар паноҳат мегузорам ва меравам. Меравам он ҷое, ки номи покатро ба тарсу ларз мегиранд. Меравам, ба он ҷое, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё