Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

бегуноҳ дашном шуниданҳо қалби бадаргашудагонро реш-реш месохт, занҳо, кӯдакон, пиронсолон зор-зор мегиристанд. Аммо ҳамаи ин дарду доғ ба қалби сангини ҳокимони давр асаре надошт. Писари калони Орзу - Аҳмад, ки он рӯзҳо синфи ҳафтумро хатм карда буд, он лаҳзаҳои пурмусибату ҷонситонро ин тавр ёдоварӣ менамояд:

  • Он рӯзҳо ҳатто домоду хоҳарзодаҳои маро ҳам душман гуфта, ба мошинҳо бор карданду хонаву дари ҳамаамонро давлатӣ намуданд. Ҳангоме ки ба мазори Хӯҷа Балҷувон расидем, моро аз ду мошин ба як мошин гузарониданд. Ҷой намерасид, чӣ хеле ки ҳезумро болои ҳам мепартоянд, мардумро ҳамин хел дар бордони мошин болои ҳам мепартофтанд. Беморому пиронсолон менолиданд. Бо ҳамин аҳволи ногувор то ағбаи Хаси Сафед (Чормағзакон) расидем. Чун ба шаҳри Янгибозор (Қофарниҳон) ворид шудем, чароғҳои шаҳр якбора хомӯш гаштанд. Шоҳи Андал гуфтагӣ одам, ки нав аз маҳбас озод шуда буду боз бадарғааш карданд, ба мо гуфт:

  • Дидед, барои он ки мо роҳҳои Янгибозорро наёбем, мабодо нагурезем ва моро ба поезд бор кунанд, чароғҳои шаҳрро пурра хомӯш сохтанд.

Баъд моро сарбозон бо фонус ба поезд бор мекарданд. Аз тамоми ҷумҳурӣ зиёда аз 5 ҳазор оиларо ҷамъ оварданд, ки онҳо аз Кӯлобу Даштиҷум, Панҷакенту Ғарм, ҳатто аз Қаршию Ғузор буданд. Нисфирӯзӣ эшелони мо - бадаргашудагон ба роҳ баромад. Як моҳ пас мо ба шаҳри Кокчетови Қазоқистон расидем. 11 бунаи мо ховалингиёнро дар ноҳияи Аригболиғ фароварданд. Аҳли оилаи моро дар фермаи асппарварӣ ба кор монданд. Баҳори соли дигар ба як деҳа рафта, подабон шудем. Ба мо асп доданд. Пода аз молу гови

пешина
аз 176
навбатӣ