Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан
  • Айб аст дар шаъни хешу таборӣ, ки дар пеши чашми мо одамони бегуноҳ ҷафо мекашанд. Агар ҳамаи моро ҳукумат бикушад ҳам, ҷуз барои онҳо сарпаноҳ ёфтан илоҷе надорем, - мегӯянд пирони маҳал ва яке аз ҳамсояҳо оғилашро ба онҳо дод.

Орзу ва баччу качи сагираш аввал ба фарш коҳ мерезанд, баъд гилем талбида болои коҳ мепартоянд, зимистонро бо машаққат мегузаронанд. Бо расидани баҳор, гармиҳо мехоҳанд ба ягон маҳалли дигар кӯч банданд, аммо мардум, ки аллакай бо онҳо унс гирифта буданд, монеъ мешаванд. Дар ҳамин ҷо хонаву дар месозанд, зиндагӣ ба сар мебаранд.

Чун пояҳои сохтори нав қавӣ гашт, боз аз паяш афтоданд ва ӯро ба маҳбас кашиданд. Акнун Орзу бо Ҳазрати Эшон якҷоя як сол дар камераҳои тангу тор, сарду бадбӯи маҳбасхонаи шаҳри Кӯлоб азоб кашид. Як сол баъд Орзу аз ҳабс озод шуд. Ба хона баргашт. Аз зани Қосим-туксабо ду фарзанд ёфт: Аҳмад ва Маҳмадулло. Якҷоя бо он нигоҳубини ду фарзанди Қосим-туксабо низ бар дӯши Орзу афтод. Ба хориву зориҳо тоб наоварда, андаке баъд фарзандони угаяш фавтиданд. Мушкилоти онҳо рӯз аз рӯз сангинтар мегашт. Бо ҳар васила аҳли оиларо аз имтиёзҳои хоҷагӣ маҳрум месохтанд. Дар ҷаласаҳои ҳизбиву хоҷагӣ ба суроғаи авлоди покаш дашному нафрин мефиристо- данд. Орзу ба ҷанг рафт ва бо сари баланд баргашт, аммо ҳамаи ин суде намебахшид. Пурсуҷӯю кофтуков оқибат ба бадаргашавии онҳо сабаб гашт. Тибқи фармони сарварони он айём акаву додар, хоҳару амма ва язнаҳои Орзуро, ки хешовандони Қосим буданд, якҷоя бо 11 бунаи дигар 19 июни соли 1950 ба аробаву мошинаҳо бо зӯри калтаку силоҳ, мушту шатта бор карда, ба бадарга фиристоданд. Ҷудоӣ аз диёри бобоӣ,

пешина
аз 176
навбатӣ