Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
нест, албатта шавҳар кун, - таъкид карда буд гоҳи видоъ Ҳазрати Эшон. Бо вуҷуди ин занак чанд солро бо раҳпоии Ҳазрат гузаронид. Аз бобои Эшон ду духтар ба ёдгор монд: Ҷумда ва Нуҳбатилло.
-
Вақте падарамро милисаҳо бурданд, мо 3-4 сола будем, баъди чанд муддат хабар омад, ки ӯ нест шудааст. Модарам гирёну нолон дасти мо хурдтараконро гирифта, бӯғча тори сар ба хонаи тағойҳояш ба шаҳри Кӯлоб омад. Зиндагӣ солҳои 1930-40 хеле мушкил буд. Таъқибу сӯиқасд, гирудор, гуруснагӣ авҷ мегирифт. Модарам қасди то охири умр бо ёди Ҳазрат бешавҳар зистан дошт, аммо ноилоҷ монд. Тағойҳояш ӯро ба шавҳар доданд. Мо акнун дар хонаи бобоямон зиндагӣ мекардем. Писаронашон хурдакак буданд, мо мададгори кору бори рӯзгораш будем. Рӯзу шаби мо ба корҳои саҳро, ҳезумчинӣ, гандумдаравӣ, бозорравӣ мегузашт. Азбаски модарам босавод буд, моро дар пешаш таълими машки хат медод, сураҳову оятҳоро шарҳу тафсир менамуд. Сокинони шаҳр падарамро мешинохтанд, чун ба атрофи мазори Ҳазрати Амирҷон ба ҳезумчинӣ меомадем, зиёраткунандагон моро надашон хонда, тасалло медоданд, меҳрубонӣ менамуданду мегуфтанд:
-
Падарат ҳар сол 5-6 маротиба омада Амири Кабирро зиёрат мекард. Одами покдилу покдин буд, рӯҳашро шод кунед, боодобу некрафтор бошед.
-
Соли 1945, вақте ки хабари хуши анҷоми ҷанги хонумонсӯз расид, тағой ва модарам маро надашон хонда, масъалаи шавҳаркуниямро гузоштанд. Ҳамин хел насиба будааст, ба Сӯҳроб Ризоев ном мард, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё