Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

корманди масъули давлатӣ, раиси Ҳукумати шаҳри Кӯлоб буд, хонадор шудам.

Худораҳматӣ аз ман тахминан 20-26 сол калонтар бошад ҳам, марди меҳрубону дилсофе буд. Ба модару хоҳарам, авлоди модарам сипосгузор буд. Беш аз 30 сол бо ҳам якҷоя зистем. Сӯҳроб Ризоев соли 1970 дар синни шастсолагиаш оламро падруд гуфт. Аз ӯ чанд фарзанд ёфтам: Ҷамолбӣ, Аббос, Соро, Зикамо, Дилбар, Ҳотамшо. Бале, дар синни 42-солагӣ бева шудам, - мегӯяд кампири Ҷумда, - Лекин сағираҳома хор накардам, ба воя расонидам, хонондам, оиладор кардам. Ҷон мекандам, ки тифлакони ман бепадариро ҳис накунанд, бадахлоқу миёни мардум сарпаст нашаванд. То он ки арвоҳи падари бузургворам аз мо шод бошад. Ба корҳои мо файзу барака резаду ризку рӯзиамон биафзояд. Падарамонро ёд мекард, чун дертар фаҳмидем, ки ӯ зиндааст, шод шудем, аммо ӯ куҷо рафт - намедонистем. Баъзе мегуфтанд ба мулки Чин сафар кард, дигарон макони ӯро мулки араб ва боз хабаре ба гӯш мерасид, ки дар мулки Туркия мебошад. Соли 1973 ба масҷиди ҷомеъи Кӯлоб аз давлати Афғонистон мактубе омад. Дар он аз боби фарзандони завҷаи падарамон, ки аз диёри Шӯрообод буданду онҷо фирорӣ буданд, сухан мерафт. Дар мактуб аз ҳолу аҳволи мо пурсон шудаанд.

Тарсу ларз аз ислом, аз диндорон он рӯзҳо дар дили сарварони давлат ҷой гирифта буд. Ҳоло ҳам таъқиботи ашхосе, ки дар хориҷи кишвар хешу табор доштанд, идома дошт. Бинобар ин чун додарамон Махдуми Нуруллоро дар бобати дар мулки афғон хешу табор доштанаш пурсон шуданд, ӯ рад кард. Ҳамин хел

пешина
аз 176
навбатӣ