Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Шоҳ Неъматуллоҳ истеъдоди фавқулодда дошта, дар синни 3-солагӣ «Қуръон»-и азимушшаънро азбар кардааст. Таҳсили ибтидоиро назди Шайх Рукмиддини Шерозӣ гирифта, илми балогатро аз Шайх Шамсидини Маккӣ омӯхтааст. Улуми ҳикмату илоҳиро аз Сайид Ҷалолидини Хоразмӣ ва Қозӣ Эзадидини Эчӣ омӯхтааст. Дар синни 24-солагӣ ба сафари Маккаи мукаррама баромада, он ҷо ҳафт сол маскун гардид. Шоҳ Неъматуллоҳ дар ҳар маконе, ки мезист, ҳатман ба кишоварзӣ машғул мегашт, касби маош мекард, илмро ба амал тавъам сохта, ба имомат дар масоҷид низ машғул буд.
Ӯ мегӯяд:

Донистани илми дин шариат бошад,
Гар дар амал оваред, тариқат бошад,
В-ар ҷамъ кунӣ илму амал бо ихлос
Аз баҳри ризои Ҳақ, ҳақиқат бошад.

Ӯ зикр карда буд: «Беҳтарин риёзат барои тасфия ва таҳзиби нафс кору фаъолият ва хизмат ба халқ аст».
Набераи онҳо Шоҳ Низом аз шайхҳои варзида ба шумор мерафт, охирҳои асри XVII бар асари гирудор, воқеаҳои пуртаҳлукаи сиёсӣ бо аҳли авлод, муридону сӯфиёнаш бо ризогии Худованд ба сарзамини Кӯлоб кӯч мебандад. Чанде дар қадобаи Ёхсу маскан гирифт, дертар ба мавзеи Судараи Сариҳосор кӯчида меояд. Дар ин диёри меҳрпарвару уламодӯст, ҳамешасабзу ҳамешабаҳор, ки макони асосии донишмандони маҳбуби тобеъоти Хатлони қадим буд, ба бунёди масҷиду мадрасаи хеш оғоз намуд. Тӯли солҳои зист аз аҳолии маҳаллӣ муридони зиёде аз ӯ таълими

пешина
аз 176
навбатӣ