Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

«Танҳо бо олиме бинишинед, ки
Шуморо аз хӯи зишт ба се сифати олӣ
даъват кунад: аз такаббуру беэътиноиву
нодонӣ ба сӯи фурӯтаниву хайрхоҳиву
илм бикашонад»

Аз аҳодиси паёмбари ислом
Муҳаммад салаллоҳу васаллам

ЭШОНИ СОРБОН

Шаҷараи авлоду аҷдоди ин Ҳазрат то ба шоири машҳури адабиёти форсии тоҷикӣ Сайидои Насафӣ ва олимони маъруфи тариқати тасаввуф - Сайид Туроби Нахшебӣ ва Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробӣ мерасад. Қадамҷои ӯ, ё ба қавли мардум марқадаш дар деҳаи Сари Мазори ноҳияи Балҷувон воқеъ гаштааст. Ӯ яке аз бузургтарин шахсияти шуубия ва равияи тасаввуф, олими ислом, шоир ва поягузори ҷараёни «неъматуллоҳия» аст. Ӯро баъзан Мир Абдуллоҳи Кирмонӣ ё ба қавле Неъматуллоҳи Валии Моҳонии Кирмонӣ низ мегӯянд, ки зодаи шаҳри Ҳалаби Сурияи Араб буда, дертар диёри Балҷувонро маскан пазируфтааст. Шоҳ Неъматуллоҳ соли 1329 ба олами ҳастӣ қадам ниҳода, санаи 1431 ба охират реҳлат кардааст. Ӯ нӯздаҳумин насл ва ё табори паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) мебошад. Дар ин боб ӯ навиштааст:

Неъматуллоҳам ва зи оли Расул,
Маҳрами орифони раббонӣ.
Нӯздаҳумин ҷади ман Расули Худост,
Ошкор аст, нест пинҳонӣ.

пешина
аз 176
навбатӣ