Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
ҚиссаТаърих
Аз аввал хонданЭшони Алааспа, ки зимни таҳсилаш дар мадрасаи Бухоро ва таҷрибаву малакаи мударрисӣ аз ғояи асосии ин таълимот огоҳӣ дошт, баъди сӯҳбатҳо бо ин олими равшанзамир камол меёфт, пеш мерафт.
- Падари бузургвори мо Эшони Сорбон низ дар давраи рукуд, айёми таъқибу таҳдиди ислом ранҷу азоби зиёде кашидаанд. Аммо ҳамаи онро аз хости худованд дида, сабру тоқат пеша доштанд. Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардида, фаъолияти дину оин, ақоиди башардӯстона, худошиносӣ ва худшиносӣ озод гардид, ӯ хушҳол гашт, аммо дертар боз бо дасисаи аҷнабиён ва душмани ба онҳо ҳамфикр ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Акнун Ҳазрат бо тамоми нерӯ ба хомӯш намудани ин сӯхтори миллату мазҳабсӯз камар баст. Борҳо аз сарварони ҷумҳурӣ, аз ҷумла сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов ва дигар кумандонҳо, ки меҳмонаш мешуданд, зорию илтиҷо мекард, дуъо медод, ки ҷониби ҳам аз роҳи сулҳу оштӣ қадам гузоранд. Ин истиқлоли дину мазҳаб, марзу бумро, ки ҳадяи худовандӣ аст, ҳифз намоянд. Ва ҳамин хел ҳам шуд, - нақл мекунад фарзанди он кас сарҳатиби масҷиди ҷомеъи вилояти Хатлон Эшони Сайидҷон.
Дуъои Эшони Сорбон, рӯҳи бузургони авлодии ӯ, дигар авлиёву анбиёзодаҳои кишвар дар назди Худои муттаъол пазируфта шуд. Оташи ҷанги шаҳрвандӣ батамом хомӯш гашт. Имрӯз он воқеаи шум чун хоби кобусӣ дар ёдҳо мондааст. Аммо Ҳазрати Эшон ба рӯзҳои ҳуррияти асил, дидани ханда дар лабони кӯдакону модарон нарасид. Умраш камӣ кард. Ӯ 12 -

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё