Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
декабри соли 1994 аз олами равшан ба олами улвӣ рехлат намуд.
Имрӯз ҳар як сокини равшандилу равшанфикри ҷомеаро зарур аст, ки ба қадри панду андарзи гузаштагони нексиришт, дину мазҳаби хеш бирасад.
«Пас аз марг даст аз амал кӯтоҳ шавад, магар аз се тариқ: садақаи ҷория (аъмоли хайре, ки асараш боқӣ бошад, чун раҳсозиву ҳаммому масҷиду пул сохтан ва амсоли онҳо) ва илме, ки мардум аз он суд баранд (аз ҷумла таълифи китоб ва ғайра) ва фарзанди дурусткоре, ки дар ҳаққаш дуъо кунад».
Аз аҳодиси пайғамбар Муҳаммад (с).
МУЛЛО ҚУРБОНАЛӢ
Ғундиён мавзеи хушбоду ҳаво буда, дар сарраси марзҳои ноҳияҳои Сариҳосору Балҷувон ҷой гирифтааст. Дар собиқ маҳалли ободон, ҳунармандон, тоҷирон ба шумор мерафт. Аслан деҳа бо одамони поксиришт, меҳнатӣ, софдилу ҳалолкораш шӯҳратёр буд. Масҷиди ҷомеаш маркази фарҳангиву маънавии мардуми бисёр худотарсу маърифатхоҳи тобеот гашта, дар низому тартиби оину урфу одати ниёгон, паҳнгардонии дурдонаҳои забону адабиёти мозӣ, омӯзиши таърихи халқу миллати кишвар, шаҳру диёр, тарғиби аҳкому аркони шариат, ислом

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё