Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
саҳмгузорӣ менамуд, маншаву муҷиби ҳама растагориҳо аз ҳавову ҳавасҳои олами фонӣ мегардид.
Решаи таърихии бунёди деҳа ба қаъри асрҳо мерасад. Маънии калимаи Ғундиён ба андешаи мо аз решаи «гун омадан», «ҷамъ шудан» иборат аст. Оре, онҳо – сокинони аввалини деҳ афроди худотарсу боимон, боинсофу хирадпешае буданд, ки аз деҳоти дуру наздики кӯҳу дара ба гирди бунёдкунандагони деҳа – авлоди бобои Қурбоналӣ гун шуданд. Он ягона маконе буд, ки дар тамоми гирудорҳои таърихӣ аз талаvu тороҷ, сӯзондан наҷот ёфт, мардумаш то фарарасии сохти шӯравӣ фирор накарда буд. Дар масҷиди калони он бузургтарин рӯҳониён, авлиёзодагон, асилзодагони Самарқанду Бухоро, Афғонистону Ҳиндустон ташриф оварданд, намоз хонда, ба мардум панду андарз гуфтаанд.
Гузаштагони домулло ҳама порсо, худотарс ва бархе аз уламоҳои машҳуре буданд. Домулло Муҳаммад Сайид Алии Балҷувонӣ муаллифи «Таърихи нофеи Бухоро», ки хазинаи пурарзишест, аз хешовандони наздики Ҳазрати Эшони Алааспа ба шумор мерафт.
Силсилаи сулолаи шаҷара аз бобои калони онҳо Ҳазрати Ҷӯра Атохоҷа, писари ӯ Хӯҷа Мирҳусайн, писари ӯ Хӯҷа Мирҳоҷӣ, писари ӯ Гадойбек, писаронаш Асадбеку Давлатбек, фарзандони ӯ домулло Набот, аз ӯ Мирзонаим (мирзои Мири Балҷувон) решаҳои хеле қадимаи қавӣ дорад. Дертар дар саҳни зиндагӣ нӯҳ фарзанди ӯ, яъне Мулло Ҳаким, Мирзо Карим, Гурез, Темур, Мулло Табар, Мирзо Алӣ, Мулло Ғулом, Бароталӣ, Мулло Ҳабибулло пайдо мешаванд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё