Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
ТаърихҚисса
Аз аввал хонданЁД БОД ОН РӮЗГОРОН...
«Се касро дар қиёмат, ки сояе (он ҷой) ҷуз сояи Худо нест, дар сояи арши Худо ҳастанд. Пурсиданд, онҳо киҳоянд? Фармуд: касе, ки ғам аз дили мусулмонон барорад, ё суннати маро зинда кунад, ё бисёр бар ман салавот фиристад».
Аз аҳодиси паёмбари Ислом Муҳаммад салаллоҳу алайҳи васаллам
БО ДУОИ БУЗУРГОН
- Ман бачаи Мулло Абдусаттор ҳастам. Падарам аз наздикони Бобои Эшон буданд. Имсол ба синни 70-солагӣ мерасам. Давраи зиндагии Ҳазрат 3-сола будам. Падари маро кормандони НКВД 17-уми ноябри соли 1937 «муриди Эшони Алааспа ҳастӣ» - гуфта, бурданд ва наёварданд, на зиндааш маълум гашт, на мурдааш. Падарам одами меҳнатӣ, одамдӯст буданд, хонаамон камари роҳ воқеъ аст, он кас сари девор аз Чашмаи эшонӣ об оварда дар косаҳо рехта мемонданд, то шамол хӯраду сард бишавад, роҳакиҳо, мусофирон ташнагиашонро бишкананд. Дар бораи пирашон Бобои Эшон ба мо сифатҳо менамуданд. Аз самари панду андарзи бузургмардони роҳи тарикати ислом буд, ки як зарра адлу инсоф дар дили одамон пайдо мегашт, хурду калон гуфтагӣ гапҳо буд. Аз баракаи дуои онҳо ман соли 1951 ба техникуми савдои шаҳри Душанбе дохил шудам. Ҳамон сол ҳамдеҳаамон, писари яке аз сӯфиёни Ҳазрат Сӯфӣ Қаюм – яъне Хоҷӣ Ҷобир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё