Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

муридонаш пароканда гаштанд. Дар толеъи неки мардум ба деҳаи мо яке аз ҳамнишастони ӯ, марди баҳосият Мулло Қурбоналиву писараш Ҳабибулло омаданд. Гарчанде аз тарси ҳукумат азон намедоданд, дарс намегуфтанд, танҳо ширкаташон дар маросими ҷанозаву азодориҳо, сӯҳбатҳои пурмӯҳтавояшон аз боби шеъру шоирони гузашта, ҳадису ривоятҳояш аз рӯзгори пайғамбарон, саҳобаҳо, аз китоби «Қуръон»-и азимуш-шаън барои мо мардуми авом басанда буд. Махсуми Ҳабибулло бо вуҷуди сахтгириҳои замона хеле ҷасур, ҷусту чолок буд. Ӯ азобҳои вазнин кашида, бо маслиҳати падар ба пеши муллоҳои донишманди қишлоқи Хонаобод ва Ховалинг мерафт. Мулло Қурбоналиро баъзан ҷохиливу нодонии мардум, бехабарии онҳо аз фармудаҳои парвардигор маҳзун месохт. Бо вуҷуди ин ҷаҳд дошт аз сӯҳбати ӯ аққалан як нафар баҳрае бардорад, саводе бигирад. Аз файзу баракати қадаму суханҳои Эшони Алааспа, Мулло Қурбоналӣ, Махсуми Ҳабибулло ва дигар мардони боғайрату боҳиммат, соҳибкаромат имрӯз се қишлоқи Каримбердӣ обод аст. Агар солҳои 40-50-ум ин ҷо танҳо 5-10 буна ба мисли хонаводаи Ғоиб, Махсуми Малик, Ҳабибулло, Мулло Валӣ, Дӯстаҳмад, усто Шариф, Қаландар, Маҳмадулло, Маҳмадназар зиндагӣ мекарданд, баъдтар теъдоди хонаводаҳои се қишлоқ ба 200 нафар мерасад, ҳар як соҳиби мактабу дармонгоҳ мебошад. Дар се деҳа як осиёби обии бобои Сайфулло ва як ҷувози бобои Маҳмадназар мушкилоти мардумро сабук мегардонд. Ҳоло бошад даҳҳо осиёбҳоиву ҷувозҳои барқӣ кор мекунанд.

Дар ибтидо аҳли оилаи Мулло дар Каримбердии Поён мезистанд. Он солҳо ҳама навбунаву муҳоҷири кӯҳистонӣ буданд ва ба якдигар рафту омад надоштанд.

пешина
аз 176
навбатӣ