Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Касал шуду мурд. Хомталош ба мардум додем. Каллаи аспи муқаддаси Ҳазратро ҷаноза карда гӯрондем. Аз бобои Эшон ду ҷуфти гов боқӣ монд. Баъд гирудори акаҳояш Мулло Назар, Исмоил, писараш Абдулмаҷид сар шуд.

Абдулқодири Шариф,
сокини деҳаи Чанори ноҳияи Восеъ,
98 сола.

ШАБЕ ДАР СӮҲБАТИ ҲАЗРАТ

  • Падари ман усто Ғашбеки шикастабанд муриду сӯфии Ҳазрати Эшони Алааспа буданд. Ман чеҳраи он касро ба ёд надорам. Ҳамин қадар медонам, ки дар дарсдиҳӣ хеле сахтгир буданд. Муридонашонро ба меҳнат ташвиқ менамуданд. Писарашон Абдулмаҷид беҳад одами бофайз, баҳосият, хушқироат буданд. Ёд дорам дар хонаи бобои Саидаҳмад меништем. Як шаб аз «Чоркитоб» қироат намуду тафсир сохт. Бовар кунед, рӯзи дигар ҳама нишастагиҳо намозхон шудем. Бобои Эшону писарашон ҳамаи миллату қавмҳоро дӯст медоштанд. Муридони зиёде аз ҳисоби мардуми ӯзбек дошт. Соли 1940 аз Шагмон омадем. Падарам хост узви колхоз шавад, он айём ин амал мушкилиҳо дошт. Аз Махсуми Абдулмаҷид 100 килограмм гандум, як гов, як гӯсфанд гирифта, супоридему моро қабул карданд. Шодравон одами сахӣ, меҳнатдӯст буданд.

Ҷумъахони Ғашбек,
нафақахӯр.

пешина
аз 176
навбатӣ