Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

ДӮСТИ АВЛОДИ МО БУДАНД

  • Решаи авлоду аҷдоди мо ба қаъри асрҳо мерасад. Тибқи маълумот бобои мо Имом Зайнулобиддин аз қавми Имом Ҳусайн - писари Ҳазрати Алӣ - шери Худо мебошад. Он айём қавми эшонҳо аз додани бочу хироҷ озод буданд. Аммо дертар охири асри XVII бо дасисаву фитнаи бархе нисбати ин авлод фитна бархост. Онҳо роҳи ягонаи наҷотро дар кӯч бастану фирор мебинанд. Набераи Ҳазрат, яъне Сайидамири Фигонӣ шоир ва фарди фавқулодда хушзеҳну бомаърифат буданд. Тибқи ривоят ӯ ҳанӯз ғоқи дар батни модар будан бо зикри Аллоҳ машғул буду овозашро аз берун мешуниданд. Аз ин лиҳоз тахаллуси Фиғониро гирифт. Ӯ яке аз олимони машҳури тасаввуф дар Хуросони бузург ба шумор мерафт. Мадфанаш айни ҳол дар подомани Мазори Ҳазрати Султон ҷойгир мебошад. Набераи ӯ Эшони Мирзогирдак аз уламои шинохтаи Ховалинг буд. Писарону набераҳояш Мирзонаҷот, Мирзонабот ва Мирзоноёб аз мударрисони машҳури мадрасаҳои Қадобаи Ёхсу ба ҳисоб мерафтанд, сонитар ба доманаи кӯҳсори канори Ховалинг кӯч бастанд, деҳаи Хосёнро бунёд намуданд. Калимаи «хосён» кӯтоҳшудаи калимаи «хосиён» аст. Яъне гурӯҳи мардуми хосса соҳибилму соҳибфарҳанг, паҳлавону аҳли тиҷорат, рӯҳониёни асилу ҳомиёни хоси шариат гуфтан аст. Як қисми ин қабила дертар ба хоки мулки афғон гузаштанду мавзеи Хусдеҳро - ҳамон деҳе, ки гуфтугӯи Сарвари давлатамон бо роҳбари Иттиҳоди муҳолифин тоҷик баргузор гардид, бунёд намуданд.
пешина
аз 176
навбатӣ