Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
- Майлаш, пирам, - гуфта бо тамоми хушу гӯш обу таъом, қанду мавизи маъракаро таъмин мекард, тартиб медод. Ана, дар ҳамин лаҳза бархе шарикдарсони бахилу ҳасуд табақҳои рӯи дастурхонро дуздида, ба чойнакҳои чой чизҳои ҳархела андохта, макрӯҳ месозанд. Чун шӯру ғавгои меҳмонон баланд гашт, ҳарифони бадхоҳ ба устод фаҳмониданд, ки ин кори Халифаи кӯлобӣ аст. Ӯ дузд, ноӯҳдабаро ва фиребгар буда, маъракаро касдан ҳаром кардааст.
Бахшиши Худовандро бубинед, ки амали нопоки онҳоро бачаи хурди соҳибхона аз дур наззора мекардааст. Чун пири ранҷида ба ӯ наздик шуд, сахт ситеза карду Халифа Сайидро аз ҳавлӣ рондан хост, кӯдак давида омада, як-як бо ангушташ разилонро нишон дода, ҷои пинҳонкардаи қанду кандалоти ба яғмобурдаро ошкор сохт.
- Дада, акем бегуноҳанд, ҷанг накунед, - зорӣ кард писарбача.
Шоҳ Яҳё замоне гӯё ях кард. Ба шогирди маъсумона сӯяш нигарон маънидорона дида дӯхт. «Қариб, ки ин ҷавонмарди поктинатро беҳуда биранҷонам, ин қадар дар олам одамони хабис фаровон будаанд. Оламро бӯҳтони ҳамин тоифаи иғвогарон нобуд мекардааст», - аз дил гузаронид ӯ. Сари китфи Сайидро бо меҳри беандоза сила карду шогирдони рӯсияҳашро беруни маърака кард.
Ҳамин хел сиву се соли таҳсил дар мадрасаҳо хотима меёбад, ба ӯ дар қатори дигар толибилмон Хати иршод ё худ номаи камол медиҳанд. Албатта дар номаи камоли ӯ сатрҳои хосае зикр шудаанд, сабт ёфтаанд, ки аз маҳорати волои ӯ, дониши аълояш зимни таҳсил, ахлоқи ҳамидааш огоҳӣ медиҳанд. Пираш Шоҳ Яҳё аз ӯ хоҳиш менамояд, ки биё дар Бухоро маскан бигир, ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё