Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
деҳоти дур рафта, илматро хор макун. Ин ҷо дар мадраса мударрис шав, ё дар ягон маҳалла, ё қария қозиӣ таъинат бикунем. Халифа рад карда, мегӯяд, ки ӯ ба Бухорои шариф баҳри илмомӯзӣ омада буд, акнун бояд баргардаду ташнагони илму дониши диёрашро аз қатраҳои ҷонбахши дарёи маърифати илоҳӣ сероб гардонад. Кайҳо дар қалбаш армоне мепарварид, ки машъалафрӯзи роҳи толибилмони навраси кӯҳистон, омӯзонандаи ояҳои осмонии «Қуръон», таърихи миллату диёри кӯҳанбунёди тоҷик, дурдонаҳои орифон, аҳли тасаввуф Саноиву Аттор, Имом Ғаззолию Имом-Ал-Бухорой, Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайн, Бедилу Ҳофизи бузургвор шавад, эшонро аз чанги муллоҳои камсавод, камҳираду худбин, хурофотпараст раҳои бахшад. Мехоҳад ба мардум бифаҳмонад, ки дар ин дунёи дудар, ки санҷишгоҳи одамист, кинаву кудуратро аз дилҳо, аз синаҳо дур афканда ба ресмони илоҳӣ чанг бизананд. Золимон аз зулм даст бикашанд, дар олами фонӣ барои худ гуноҳ нахаранд, зеро ҷафои сарвари зулмпеша дар охират сахти сахт аст.
Оре, мешитофт то мардуми зодгоҳашро ба худогоҳиву худоогоҳӣ талқин намояд. Пираш Шох Яҳйӣ армону орзуҳои ӯро ба ҳушӣ бипазируфт ва розигии сафар дод. Халифа Сайид бору бухча, китобҳояшро ба кулвор андохта, ният гузошт саҳарӣ ба роҳ барояд. Ҳамсабакони кӯлобияш домулло Мирзои Кулдарагӣ ва Эшони Сайямир кайҳо ба хонаҳошон рафтагор шуданд. Ба мақсади шабгузаронӣ қариби бегоҳӣ аз боғи вақф мегузашт, чашмаш ба ҷӯйҳои кайҳо аз беобӣ хушкидаи раддаи ниҳолҳо афтод. Хам шуда як каф аз он хок бардошт, ки санг воре сахт аст хок. Навниҳолони шоҳу баргашон аз беобӣ пажмурда чун арӯсакони мотамгирифта лоғару берӯҳ метофтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё