Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
Хуршед бо тораҳои зарҳалинаш шонаҳои шахшули шахҳоро сила карда, нопадид мегашт. Дуди ғам у андӯҳи долу дарахти равшанипараст, ҷонзоди безобитагашта гӯё атрофро хираву сиёҳҷатоб месохт. Азони намози шомро ҳам доданд, лекин аз Халифа ҳамоно дараке набуд. Пир аш Шоҳ Яҳсӣ бисёр хавотир кашиду ба муридонаш фармуд:
- Канӣ равед, ин Халифаи кӯлобӣ куҷо шуданд, аз саҳар боз наомаданд, мабодо мариз нашуда бошанд?
Шогирдон ба сари замини вақф меоянд, ки саропои боғ нам кашида сероб гашта, аммо аз Халифа нишоне нест. Ҷустуҷӯкунон ба саргаҳи об мераванд, ҳолати аҷибу ғарибро мебинанд. Гумон мебаранд, ки ӯ мурдааст. Зуд ба назди пир давида меоянду воқеаро нақл мекунанд. Пир саросема ба ҷои воқеа мешитобад. Пир чанд бор садо мекунад, ӯ чашм мекушояд, мехезад ва ҳамоно даргот канда мешавад. Пир ба ин садоқату ҷонсупории шогирдаш аҳсан мехонаду тан медиҳад. Бо тавсияи ӯ Халифа Сайид мударрисии якчанд мадрасаи Бухороро ба уҳда дошт. Рӯзгори худу чанд тан аз шогирдони камбизоаташро таъмин менамуд. Зимни ин лаҳзаҳои холигӣ ба парвариши ниҳолҳо, ки фарзандвор дӯсташон медошт, мекӯшид. Охир як боғи калон аз заҳмату худфарсоиҳои шабонарӯзии Халифа нумӯъ карда, дар тӯли ҳафт сол самарабахш гардид, заминҳои як вақтҳо хушки вақф ҳар сол даромади афзуне медоду аз ин ҳисоб масҷиду мадрасаҳо обод, толибилмони камбағал соҳиби идрор мешуданд.
Чун дурри мақсуд ба каф омад, яъне ниҳолҳо аз хорӣ баромаданду пираш шоду мамнун гашт, дуъо талабид.
Пир миёни садҳо муридон, уламоҳои маъруфи шаҳр Ҳати иршод, мӯҳри хоса ба ӯ мебахшад ва мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё