Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Халифа айёми порукашиҳояшро ба ин боғ ба хотир овард. Ғайри як-ду обе, ки ӯ монда буд, дигар ин ниҳолакони навбор ба ёди касе нарасидаанд.

Ба гумонаш расид, ки ниҳолакони навбар дар ҳоли фафтанд ва мегӯянд:

  • Моро наҷот диҳед, бандагони Худо! Наҷот деҳ, бандаи Худо, савоб мегирӣ!

Ӯ аз ин ҳол дар ҷояш музтар монд. Ба чор тараф чашм давонд, дар дуру наздик касе наметофт.

  • Моро наҷот деҳ! — боз шунид ин садоро ва дарк кард, ки бо амри илоҳӣ ниҳолҳо аз ӯ мадад мепурсанд.

Сафарашро ба ватан мавқуф гузошт ва рӯзи дигар либоси корӣ ба бар кард. Ҳафт соли дигар камари хизмат баст. Ҳам мударрисӣ намуда, ҳам ниҳолакҳоро парвариш кард, ба ҳосил овард. Пирашро ин амали неки ӯ хеле хушнуд сохт.

Нақли дигар аст, ки шогирдони зиёди пир барои баровардани об ба замини сафедҳоки вақф, ки дар баландии ҷойгир буд, ҷаҳд месозанд, аммо ҳеҷ не ки комёб бишаванд. Пир мефармояд, ки шогирди меҳнатдӯсташро биёранд. Халифа Сайид ба иҷроиши хоҳиши устод сахт камар баст. Дид, ки сабаби ба ҷӯи баланд небаромадани об ин даргот дар пеши он аз сафедҳок устувор гардондаи шогирдон аст. Бале, дар ин қарибиҳо ҷуз сафедҳок дигар маводе барои бунёди даргот вуҷуд надошт. Халифа хеле зӯр зад, дид, ки ранҷаш барабас меравад, худро якпаҳлӯ дами об андохт, бо челаку маҳсиҳояш монеаи қавие сохт, об акнун бо суръати зиёд ҷониби замини ташналаб ҷараён гирифт.

Халифа, ки дар афту дарафти тӯлонӣ, хасу кулӯхкашониҳои бесуд ва афту дарафт бо об мондаву шалпар шуда буд, оҳиста-оҳиста ба ганаб рафт.

пешина
аз 176
навбатӣ