Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
паҳлавон гурӯҳи роҳзанҳоро дастгир намуд, сардорашонро ба лату кӯб кашид ва ба ҷавон таъкид кард, ки минбаъд бо роҳи Луобдара биравад, бехавфтар аст.
Чун Сафаралибой иқтидорашро дар Каримбердӣ (аслан ин маҳал Файзобод ном дошт) қавӣ гардонд, хонаву дари боҳашамат сохт, боғ бунёд кард, андешаи ба ин макон кӯчонида овардани устодаш Эшони Алааспаро намуд. Ӯ медонист, ки дар тӯли 6-7 соли зиндагиаш дар Парронақ теъдоди муридону мухлисони даргоҳи Халифа Сайид хеле афзуда буд. Баъзеашон соҳиби иршод гардида буданд. Ҳамин хел ба хотири бобои Эшон рӯҳониёни номии дигар низ хоҳиши дар ин деҳ зиндагӣ кардан пайдо намуданд. Яке аз ин муллоҳои номдор бобои Маҳмадшариф буд, ки дар хондану тафсири китоби муқаддас ҳамто надошт. Ҳазрати Эшон чун дид, ки муридону олимҳову соҳибистеъдодон ба шумор афзуданд, фараҳманд гашт.
Саховати баланд доштанд бобои Эшон. Дар ҳавлӣ, дар ду-се дег рӯз то шом таъом меҷӯшид, беваю сагера, дорову нодор тановул мекарданду мерафтанд. Ҳарчӣ назре аз нуқлу мавиз, чорво, пӯшокӣ ба даргоҳи Ҳазрат мерасид, аксар вақт то бегоҳ масраф мешуд.
На ба ҳама форам буд панду андарзи Ҳазрат. Муллоҳои камсавод, онҳое, ки баъди боло рафтани обрӯву эътибори бобои Эшон нонашон нима шуд, дар ҳаққи он кас бадгӯй менамуданд. Иғвоангезона мардумро ба пеши марди шарифи тобеъот Ҳоҷӣ Яъқуб фиристоданд. Ӯ барои омӯзишу ҳалли шӯру валвала ба Парронақ ташриф овард, ба дидори Ҳазрат расид, чанд муддате дар сӯҳбат бо ӯ буд. Баъд ба пеши мардум баромада, чунин арз дошт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё