Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
- Ҳазрати Эшон соҳибкаромат асту дониши хеле баланд дорад, - гуфт ӯ, - касе, ки аз фармудаи ӯ қадаме беҷо мегузорад, гуноҳи қабеҳ содир менамояд.
Бо ҳамин латтаи дасисабозон дар об зад.
Ривоят мекунанд, ки дар маҳалли ранҷидаи Ҳазрати Эшон чашмаҳо ва дарахтон муддате хушкиданд.
Чанде баъд Ҳазрат аз Парронаки боло ба поён кӯч баст. Ин ҷо ҳалли фасли масоили боғдорӣ, обмонӣ осону раҳу пайроҳааш ҳамвортар буд.
XXX
Дишаб Ҳазрат ҷадди нексиришташро дар хоб дид, ки мегуфт:
-
Олим мисли табиб аст, куҷое ниёзе ба ӯ доранд, бояд бишитобад. Ҳазрат аз хоб бедор шуду то субҳ дида набаст. Ба андеша рафт. Таъбири хобашро ҷӯё гашт. Ба ёд овард, ки волидайни ӯ танҳо бо мақсади роҳнамоии мардум ба илму маърифати илоҳӣ ба ин диёр кӯч бастанд. Акнун, ки ӯ муридони иршодгирифта дорад, дигар зарурати дар ин ҷо монданаш нест. Рӯҳи падар ӯро ба ин амал талқин менамояд. Дами субҳ Сафаралибӯй савори аспи саманд ташриф овард.
-
Ё Ҳазратам, мулки калонеро аз ӯзбакҳои Узунохур харидам. Талу теппаҳояш ҳама ҷои кишту кор, чарогоҳи гӯсфандон. Номи кӯҳнааш Файзобод буд, чун соҳибони асили он - тоҷикон дар ҷангу ҷидолҳо фирор намуданд, он осон ба дасти дахмардаҳо афтод. Аз рӯи муфт ба ин мулк соҳибшавӣ онро «доди Худо» ё бо шеваи худашон «Карим беради» ном монданд. Хонаву даратонро дар ҷои аз ҳама баланд Таш сохтем, агар маслиҳати маро чун мурид бигиред,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё