Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Сафаралибой нигариста, дар лаби баландии сой ба андеша рафт. «Ҷои нағз, табъи дил. Баландӣ, ҳамаи кулбаҳои дигар дар поён чун дар кафи даст. Овози азонро баҳузур мешунаванд. Дар таги ин теппаи саргаҳи дара масҷид хоҳем сохт.

Баъди дуо даст ба рӯй кашид Ҳазрат ва ба ёд овард, ки дар тақдири мардуми андак мефаҳмидагиву доно ҳамеша саргардониву ранҷ будааст. Бобояш Мулло Шариф Самарқанди ободон, маркази илму маърифат, масҷиду мадрасаҳои машҳурро монду ба подомани мазорҳои шафоатпешаи Хатлон шитофт. Барои бахшиши гуноҳони худу қавмаш шафоат хост. Дар ягон диёри дигар чун дар ин гӯша ин қадар бузургдон, аҳли илм, авлиёву анбиёзодаҳо маскан нагирифтаанду мадфун нашудаанд. Дар паноҳи шафоати рӯҳу арвоҳи поки ин бузургон аст, ки то ҳол ягон истилогар ин кишварро тасхиру маҳв карда натавонист. Ҳа, шукри Яздони пок. Вақте бобояш ба Каронақ расид, он ҷо ҳам ҳамин хел харобу нообод буд. Баъдтар ба Парронақ омаданд. Ин ҷо ҳам ҷуз як дарахти дӯлона ниҳоле набуд, бо амри Худои таъоло тайи 6-7 сол хеле сернуфусу обод гардид. Акнун навбати ин тобеот аст. Иншоаллоҳ, аввалаш Худо, баъд бо мадади арвоҳҳо корҳо хуб хоҳанд шуд. Ҳазрат дуо карда даст ба рӯй кашид ва паи хондани намози аср бархост. Азон гуфт. Аз овози ширадору пурҷозибаи он кас гӯё дара лабрези фарах, шукӯҳу шаҳомат гардид. Талу теппаҳо, долу дарахт, гулу гиёҳ ларзид, гӯё худро афшониданд, аз сиёҳӣ бедор гаштанд, хоболудагиву афсурдахотириро дур андохтанд. Аз кулбаҳои ҳакиронаи қад-қади дара ягон-ягон ҷуссаи хурди одамон берун шуданд, ба боло ба сӯи кулбаи Ҳазрат роҳ пеш гирифтанд. Чун намозро хонда Ҳазрат беруни

пешина
аз 176
навбатӣ