Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
кӯчида меравед, атроф деҳоти хурд бисёр дорад, ҳамаашон авоманд, таълимашон медиҳед, савобшона мегиред.
-
Мегӯям, ки дар сари пирӣ ҷои гармамро хунук накунам. Медонӣ ҳамин шаб ҷадди кабирамро дар хоб дидам, он кас ҳам айнан ба ҳамин маъно таъкидам намуд. Дар номи покат ҷонам, Парвардигоро! Медонӣ, бой, хобам ба сӯҳбати ту рост омад. Як-ду рӯзи дигар андеша мекунам. Медонӣ, кӯчидани он офаташ бисёр. Нони худоӣ кардан даркор, - гуфт Ҳазрат, - рӯҳу арвоҳро хушнуд карда, баъд рафтан лозим.
-
Ман харҷи ин амалҳоро ба дӯш мегирам, 10-15 гӯсфанд бегоҳ аз рама мефиристонам, Ҳазратҷон.
Аз нону намакхӯрҳо, ҳақку ҳамсояҳо дуо гирифта Ҳазрати Эшони Алааспа ба Каримбердӣ кӯч баст.
АЗ ПАРРОНАК БА КАРИМБЕРДӢ
Гоҳе, ки кӯчи аҳли оиларо назди хонаҳои болои теппаи канори чигинараҳ фуроварданд, баҳори соли 1915 фаро расида буд. Чӯйбори қад-қади дара аз серобӣ мисли мори пеҷони азимҷусса фашшос зада чанд ҳамгаштро гузашта, дар охири дара ғоиб мешуд. Гумон мерафт падид омадани боз як буна дар боргоҳ овози хандаю бозии тифлон рӯди кӯҳиро ба шӯр овардаасту лаби баландии соҳилҳоро канда партофтану ҳамаро ба забони пурталотумаш шӯста фурӯ бурдан мехоҳад. Абрҳои тора-тораи сиёҳ пурдаҳшат дар тарафи офтобнишин паст фаромада охирин даричаи роҳи гузари анвори хуршеди оламтобро бастани мешуданд. Фақат насими сарду тунди вазида ба ин монеъ мегашт. Бобои Эшон ба хонаи сохтаи дӯсташ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё