Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
адабиётро ба ту мебахшам. Ду-се нафари дигар то ба ватанат расидан туро ҳамроҳӣ менамоянд, Мулло Нуралии шогирдам ҳамеша ҳамроҳат мемонад. Хайр, бори дигар дуо мекунам, ки хокро бигирӣ, дар кафат зар бигардад, эй ҷавонмарди порсои кӯлобӣ!
Ҳозирон даст ба рӯ кашиданд. Дар чашми аксари видоъкунандагон сиришк ҳувайдо буд.
Оре, чил сол як умри инсонӣ аст. Дар тӯли он муҳлат Халифа Сайид ба чӣ қадар мӯҳтоҷон ёриву кӯмак расонид, ба чӣ қадар толибилмон роҳи кашфи дурдонаҳои маърифатро нишон дод, ба чӣ қадар маризон шифо бахшид, беҳисобанд ин амалҳо, беҳисоб!
БОЗГАШТ
Ҳамин тавр, Халифа Сайид ва ҳамроҳонаш ҷониби зодгоҳ азми сафар мекунад. Ӯ, ки гоҳе барои таҳсил аз деҳа баромадан, наврас буду як ҷаҳон андӯҳу ғами бепоён дар қалб, ҳазорон гумону андешаҳо дар сар ба Бухоро рафта буд, акнун марди солор, қоматбаланд буд, риши гирдаи мошубиринҷ дошт ва болидарӯҳ менамуд. Ба хурчини пури китоб, ба муриди пираш Мулло Нуралӣ менигаристӣ ба ваҷд меомад. Охир ӯ нағз медонист, ки мардуми ин сарзамини илму адабдӯст чӣ қадар пазмони ӯянд. Шояд аз он дӯстони ҷониаш қисми каме дар қайди ҳаёт мондаанд. Дунё ҳамин хел бевафост. Дар ҳоли якҷо, доимӣ зистан ба қадри ҳам кам мерасӣ, чун муҳлате дур меафтӣ, меоиву мебинӣ, ки теъдоди зиёди наздикон ба он дунё раҳти сафар бастаанд. Бале, устодаш Абдулҳай кайҳо фавтидааст, худораҳматӣ одами қиммате буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё