Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
Ногуфта намонад, ки вазъи сиёсиву иҷтимоии водии Ҳисор он замон хеле ноором буд. Дар минтақаи Ҳисору Кӯлоб дар замони ҳукмронии амир Абдулаҳад (1885-1910) Остонақул Қушбегӣ ҳоким буд ва домони қаламраваш ба Дарвозу Қаротегин мерасид. Мардум аз зулму ҷафои ин мири бераҳм ба дод омада буданд. Шӯриши халқ бо сарварии Аҳмадҷон ном камбағале бархост. Шӯришгарони бесилоҳ саркуб гашта, Аҳмадҷон дастгир шуду ба зиндони амир афтид. Аз он ҷо (ҳукми қатлаш баромада буд) бо тадбире раҳо ёфт, гурехта ба ватанаш омад, аз нав соли 1908 сарварии ошӯби деҳқононро ба уҳда гирифт. Акнун амири Бухоро Остонақулро дараҷаи атоликӣ дода, аз мансаб сабукдӯш сохта, писари Шоҳимардонро ҳокими Ҳисор таъин намуд. Минбаъд ба ҷои Шоҳимардон Мурод, баъди ӯ Абдулмӯъмин ва ниҳоят Авлиёқулбойи парвоначии манғит, ки пештар ҳокими Қаротегин буд, ҳокими вилояти Ҳисор таъин мешавад ва то соли 1920 ҳокимии Ҳисорро ба уҳда дошт.
Аз ин лиҳоз сафари онҳо ба рӯзҳои хеле пуртаҳлука, гирудорҳои шадиди сиёсӣ рост омад. Дар тӯли чанд ҳафтаи ҳаракат қариб дар ҳар маҳал онҳоро навкарону сарбозон пурсуҷӯӣ, таҳқиқу тафтиш намуданд, ба ину он гурӯҳ гумонбар карда, ҳар як китобу дафтарашонро тагурӯ сохтанд. Ва чун Хати иршодро хонданд, каме мулоимтар гашта рухсаташон доданд, ки ба марзи Ҳисор ворид шаванд.
Тирамоҳ ба охир нарасида, фасли сармо падид омад. Барфи ғафсу тари нахустин роҳу пайроҳаҳоро баст. Шоҳаҳои пурбарг тоби гаронии барфи тарро наоварда қарс-қарс мешикастанд. Мардум аз тарси теғҳои урӯёни алайҳи ошӯбгарон кашидаи сарбозон дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё