Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

кунҷи кулбаҳои худ ба лашу луш, кӯрпаву намади хеш печида, аз биму ҳарос дар оташдонашон алов ҳам намекарданд. Мабодо дуди мӯриро дида, сарбозон ба кофтуков наоянд. Оре, бо баҳонаи дастгир сохтани ҷонибдорони Аҳмадҷон сарбозон ба хонаводаи дилхоҳ даромада, молу амволашонро ба яғмо мебурданд, духтарону занони зеборо ба асирӣ, мардони қобили корро ба ғуломию бандагӣ мебурданд. Мусофирон дар кӯчаи калони деҳи хомӯшу беодам ҳайрон монданд. Сармо дар магз-магзи устухонашон ҷой мегирифт. Ноилоҷ чанд дарро кӯфтанд, касе набаромад. Сарсону саргардон ба масҷиди нимвайронаи деҳа омаданд. Хасу хорро оташ зада, каме гарм шуданд.

Бале, Халифа Сайид ва муридони ӯ низ вазъи ногуворро хеле барвақт пайхас намуда буданд, дар тӯли сафар чӣ қадар ҷафо диданд, аммо наҳаросиданд. Медонистанд, ки тақдир, зишту неки зиндагӣ, шумори нафаси инсонӣ азалист. Пуршавии паймонаи умрро кӣ ҳам пешгӯӣ мекард? Бандаи мӯъминро зарур аст, ки танҳо аз Худо битарсад, на аз бандаву ҳаводиси дигари зиндагӣ. Ӯ ба ҳамин ният бо овози фораму ширадораш азон гуфт, хеле баланд. То бихезанд мардум ба ҷиҳод алайҳи золимин, онҳое, ки аз тарсуиву ҷаҳолати онҳо сӯистифода карда, дину оинро поймол намуда, ба қатлу куштор ва зино машғуланд. Бихезанд, иттифоқ шаванд, то хайр бар шарр, амали раҳмонӣ бар шайтонӣ фотеҳ бигардад. Намозашонро хонда, дар кунҷе хасу хасрӯбаҳоро гиронда, гарм шуданд. Баъзе бошандагони деҳ қариби намози шом овози азони онҳоро шунида ба ҳайрат афтоданд. Кадом шерҷигар аст, ки дар ин хел рӯзҳои хавфнок, рӯзҳое, ки аспи аҷал мастона дар кӯчаҳои водӣ метозад, ҷуръати масҷидравӣ пайдо кардааст, аз дил мегузарониданд онҳо. Аммо на

пешина
аз 176
навбатӣ