Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Мир ба ин марди фозилу шикастанафс сахт ихлос овард. Гаштаву баргашта хоҳиш менамуд, ки дар кӯшки ӯ бимонад, хизматашро адо хоҳад кард. Ҳамин хел иҷборан, бо раъйи мир ва мардум тӯли се моҳи зимистон дар ин водӣ монд. Дар ин миён аз ҳисоби мардуми таҳҷой муридону мухлисони зиёде пайдо намуд, афроди худотарсу худоҷӯй ба ӯ иродат карданд, муршиду суфӣ шуданд. Тавассути овардани аҳодиси пайғамбар, авлиёву анбиёҳо кинаҳои қавмҳо бо маром зудуда мегашт, дасти сулҳу оштӣ ҷониби ҳам дароз мекарданд. Теъдоди намозгузорон он қадар афзуд, ки баъзан дар масҷиди деҳ намегунҷиданд. Халифа ҳини маъвизаҳо бо табассум мегуфт:

  • Масҷид танг бошад ҳам, дили бандаи мӯъмин бояд васеъ бошад. Аз он ки китфҳои шумо ҳини намозхонӣ ба ҳам мерасаду соиш мехӯрад, фоли нек аст. Яъне, миёни шумо ба шайтони алайҳи лаънат ҷой нест.

XXX

Дар дами нафаси баҳори фарарасида ҷомаи сахту сарду сангини барфҳову яхҳои зимистон ботадриҷ лах-лах мегаштанд, месӯхтанд. Зимистони бараҳнапайкар аз шарм бе падруд ба кӯҳу барзан нопадид мегардид. Раҳу пайроҳаҳои аз барф озодшуда, кам-кам хушкида рафтанбоб мешуданд.

Мусофирони аз диёри Кӯлоб баргашта аз оромии роҳҳо огоҳӣ доданд. Оре, вазъи сиёсӣ низ он рӯзҳо қисман ба эътидол омада буд.

Барои Халифа Сайид ва муридонаш, ки дар як давраи кӯтоҳ ба мардуми деҳоти Ҳисор унс гирифта

пешина
аз 176
навбатӣ