Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
буд, ҷудои мушкил афтод. Чӣ илоҷ, ки хоки зодгоҳ, бошандагон, хешу табор интизори ӯст.
Халифа Сайиду Мулло Нуралии муридаш, баъзан паҳлӯи якдигар, баъзан пасопеш аз Кофарниҳон гузарон ба лаби дарёи Вахш меоянд, Пули сангинро гузашта, шабро дар Туткавул мегузаронанд. Субҳи барвақт ба роҳ мебароянд, мақсади шабро дар Кангурт гузаронидан мекунанд, ба хастагии савораҳо нигоҳ накарда, намози шомро дар масҷиди ҷомеи он ҷо хонданд. Кангурт – диёри аллома Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ хеле ободон буд. Аҳли маърифат, масоҷиду мадраса дошт. Баргаштани Халифа Сайид, меҳмонии ногаҳонии ӯ барои сокинон хеле хуш омад. Зеро чанде аз фарзандони ин деҳи бузург толибилми мадориси Бухорои шариф буданд ва ҳамдеҳагонашонро аз навгониҳои илму маърифат, сиёсати пойтахт, аз ҷумла аз мартабаву эътибори илмии назаркардаи Худованд - Халифа Сайид, волояти ӯ огоҳ карда буданд.
Ӯро некӯ пазируфта, рӯзи дигар сарҷамъ ба гуселаш баромаданд. Акнун ҳадафи навбатии мусофирон расидан ба деҳаи Пушён буд. Бо роҳи Қизил Мазор аз дарёи Сурхоб убур карда, таҳ-таҳи камари деҳаи Кадучӣ намози аср ба шом ба Пушёни Миёна расиданд. Ин ҷо аллакай қисман муридони падар, хешу пайвандонаш аз омад-омадаш хабардор, сари роҳ ҷамъ шуда, бо ӯ вохӯрданд, аз ҳаводису вақоеи мухталифи Парронак огоҳӣ ёфт. Маълумаш гашт, ки падар ва модарандараш кайҳо фавтидаанд. Акаву додарҳояш сӯфиву мулло буда, ба касби деҳқонӣ машғуланд. Албатта ҳар кадоме оиладор, баччу качдоранд ва фақирона мезиянд.
Халифаро марги падар, ҳатто модарандари ҷоҳилаш ба риққат овард. Ашки сӯзон аз чашмони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё