Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

волидайн, аз бевафоии оламу одам, аз шодию нишоти дидори якдигар. Дигар муридони падараш низ дар поёни марқад интизори онҳо меистоданд. Нола дар лаб, шӯр дар дил, доғ бар сина Раҳим пешопеш, Халифа Сайиду Мулло Нуралии Бухорой ва дигар бародарон аз қафо мазорро тарк гуфтанд. Халифа беруни мазор дар ҳаққи рӯҳи фавтидагон дуои дигар хонда, шукри Яздони покро мекард, ки бародаронаш дар паҳлӯяш мебошанд, хешовандон, муридони падар дар ҳаётанд, иншоаллоҳ ба ӯ дар ҳалли мушкилот, иҷрои армонҳояш мададгор хоҳанд шуд.

Оши худоӣ карда, ба мардум дод, дуои пирони деҳро гирифта, дар Парронаки боло ба бунёди масҷид оғоз намуд. Боз шогирдону сӯфиён пайдо шуданд. Аммо ин мавзеъ аз чашмаобҳо каме дуртар буд, пиронсолон ташвиш мекашиданд. Бо нияти осон кардани ин муҳимот дар поёнтар, дар лаби чашмае, ки онро айни ҳол Чашмаи эшонӣ ном мебаранд, боғ парвариш намуда, мадраса сохт.

Аз деҳоти дуру наздики Купак, Ҳавзако, Чукурак, Боғча, Дараи Хурдак, Ҷонбахт толибилмон, муридони зиёде омада иродат мекарданд.

Ӯро дар минтақа аз барои аспи алаи хушқаду баст ва зебояш Эшони Алааспа ном мебурданд. Дар ибтидо ин тахаллуси бемаҳалу беҷо ба гӯшаш расида нохинҷор шуд. Охир ба ӯ дар хати иршодаш мартабаи халифагӣ додаанд! Аммо чеҳраи нуронӣ ва заҳмату саъйи кардаи пираш Шох Яхсиро пеши назар оварда, ягона тӯҳфаи зиндаашро азизу гиромӣ медошт, ифтихор менамуд, ки номи аспи дӯстдори Ҳазрат мутаносиби авлоду зоти ӯ садо медиҳад: Ҳазрати Эшони Сайдии Алааспа!

Чун корҳо як андоза ба сомон расиданд, хешу таборҳо ба Эшон маслиҳати хонадоршавӣ доданд. Бо

пешина
аз 176
навбатӣ