Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

сиёҳу андешамандаш таровида, рӯ-рӯи торҳои риши мошубиринҷаш ҷорӣ шуд. Дунё - дунёи бевафову фонӣ аст. Ҳар нафас, ҳар дидор, ҳар сухан, ҳар сӯҳбат ғанимат аст. Ана, аз он рӯзе, ки сари ӯро бобои Абдулҳай сила карду роҳнамоӣ намуд, ба нею нестони ӯ гӯш накарда, оқибат ӯро аз номи падараш дуо дод, маҷбур кард, ки азми таҳсил ба Бухоро биравад, чил сол гузашт.

Ба Парронақ расидан ҳамоно ба сари гӯри волидайн шитофт. Риши сафедашро ба хоки марқади онҳо мемолиду об аз дидагонаш мерехт. Не, ӯ на барои фавти онҳо, ки хости Худованд аст, мегирист. Не, дарду алами фироқи 40 соли ҳаёташ якбора ва беихтиёр рӯй зад. Марги модари сиёҳпичамаргаш, шабзиндадориҳо, орзӯю армонҳои ба хок рафтаи ӯ, азоби ҳиҷрони ӯ, ҷонкоҳонии падари бузургвораш паи таъмини ризқу рӯзии онҳо, обилаи кафҳои даст, чеҳраи офтобхӯрда, рӯҳсораи сабзинаву лоғари ӯ аз пеши чашмонаш дур намерафтанд. Чаро ӯ - Сайид дар хизмати падар наистод, аз андак тундмичозии модарандар ранҷид? Падараш ҳангоми мавт, дами ҷонбароӣ ӯро ёд карда бошад ё не? Чӣ васият карда бошад он марди порсо? Охирин дуои ӯро кӣ гирифт? Ҳис кард, ки як умр дар назди рӯҳи падар қарздор аст ва ин қарзи бузургро танҳо бо роҳи дуову дуруд, некӯкорӣ, таълими омма, ба роҳи фармудаи Худову Расул ба субут мерасонад. Ва иншоаллоҳ ҳамин хел ҳам хоҳад кард.

Бародаронаш Раҳим, Ҳидиру Собир ва Мулло Назару Исмоил, ки аллакай мӯйсафед шуда буданд, ӯро аз болои хок бардоштанд. Халифа Сайид аз паси пилҳҳои пурашк онҳоро базӯр шинохт. Бародарон болои гӯри волидайн якдигарро сахт ба оғӯш кашида, бо дард об аз дидагон мерехтанд. Гиря аз марги

пешина
аз 176
навбатӣ