Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
- Ташвиш накашед, азизони Худо. Шаб бархостам, ки борони сахте меборид. Бедоратон накардам, мондаву шалпаред гуфтаму худам ҷонвархоро ба таги долони пушти хона бурда бастам, биёед ба хона.
Мо ҳайрон-ҳайрон ба рӯи якдигар менигаристем. Зуд беақлӣ карда бузургворро азоб додем. Тавба, ин хоксориву ин адамгариро бин-а! Аз кутан то пушти долон зиёда аз сад метр роҳ буд.
МАХСУМИ КАИН
Падари Махсум бо бобои Эшон ҳампира буданд. Яъне он кас ҳам ҳини дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудан, як муддате дар пеши ҳазрати Шоҳ Яҳьёи пири комил таълим гирифт. Агар бобои Эшон тариқатро пеша карда бошад, Махсуми Каин мадраса кушоданду муллобачаҳои бисёре тарбия карданд. Он кас нақл менамоянд, ки бобои Эшони Алааспа рӯзе аз деҳаи Нончеймас мегузашт, ки ба Муфтӣ Ширини Сариҳосорӣ, ки яке аз уламоҳои машҳури он замон буду заҳматкашидаи роҳи маърифат, солики тариқати ислом ба шумор мерафт, рӯ ба рӯ омад. Чун ба якдигар гарму ҷӯшон вохӯрдӣ намуданду ба кунче нишастанд, Муфтӣ Ширин пурсиданд:
- Ҳазрат, чӣ аҳвол доред?
- Ба тариқат рафтам, кам-кам дуъохонӣ мекунам, маризонро - гоҳ-гоҳе девонаҳоро ба табобат меоранд, девонабозӣ ҳам мекунам, - гуфтанд, охири сухани хешро ба ҳазл бурда, - аз шумо пурсем?
- Мо сагераи бисёре ҷамъ кардему, шаттаҷанг ҳалос мекунему халос, - гуфтанд муфтӣ, ки мақсадашон мадраса сохтем гуфтан буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё