Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Махсуми Каин нақл мекунад, ки бобои Эшонро падараш - Муфтӣ Ширин, Муфтии Зангибобо ва муфтиҳои Дарвозу Рашт эҳтиром менамуданд, зуд-зуд ба зиёраташон меомаданд. Ҳазрат ҳам ба дидорбинии он бузургон мерафтанд.

Махсуми Каин ҳоло дар деҳаи Чайралии ноҳияи Фархор умр ба сар мебарад.

XXX

Ба номи Худованди ҷону хирад!
Эй Расули ман, мардумро ба сӯи Худои худ бо ҳикмат ва маъвизаи некӯ даъват кун ва бо беҳтарин роҳи даъват бо онҳо мунозира кун. (Қуръон, сураи Набо, ояти 125)

ТАЪЛИМ

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

Ҳазрати Эшони Алааспа ба таълиму тадриси шогирдону муридонаш аҳамияти хоса медод. Танбалию кохилӣ, беҳафсалагии онҳоро маҳкуму сарзаниш ва бераҳм ислоҳ месохт. Медонист, ки агар шогирд бо низому субот, зина ба зина пайраҳаи печ дар печи илму маърифатро аз бар нанамояд, ба қуллаи мақсуди олӣ баромаданаш дар гумон аст ва дар охири кор дилшикаставу беобрӯ хоҳад шуд. Ӯ дар навбати аввал нисбати ҷигарбандони хеш серталабӣ зоҳир менамуд.

пешина
аз 176
навбатӣ