Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

гиреҳҳо боз хоҳанд шуд. «Ассабру мифтоҳул фараҳӣ», — гуфтаанд. Танҳо ба такяи Ҳақ бошед. Дар охируламр моро бо ӯ сару кор аст. Аз ӯ битарсед, тарсу бим, на аз гумроҳиву ҷоҳилӣ, балки аз донистани илми Худованд пайдо мешавад. Касе, ки метарсад, аллакай соҳиби ду биҳишти Худованд аст: яке ишқу муҳаббати Илоҳӣ, ки ба кас болу пар мебахшад, дигаре кушодагии рӯҳу оромиши қалб аст. То ба ин манзил расидан дар тариқат душвориҳои зиёдест, токату сабурӣ зарур аст. Оят «фаъина маъал-уҳри йуҳран, инна маъал-уҳри йуҳро», — яъне маъниаш ин аст, — бидон, ки тавассути лутфи Худо баъди ҳар сахтӣ албатта осонӣ мерасад.

Ҳазрати Эшони Алааспа пайваста аз ишқи Худованд сухан мегуфт. Таъкид менамуд, ки ҳама гуна ишқ аз Худо манша мегирад. Дар ҳар маводи дилбанд, хоҳ зинда аст, хоҳ беҷон, хоҳ маъшуқа асту хоҳ ошиқ таҷаллии нури илоҳист. Нури муҳаббати ӯст синасӯз, ҷонбахшу рӯҳпарвар. Ба истиқболи ин нур бояд рафт.

— Наход зикру ибодати ҳамаи мо ба даргоҳи Ҳақ бирасад? — мегуфтанд баъзан навмуридонашон.

— Шумо ба дили худ назар кунед, васвасаи шайтонро, ки шуморо ба гуфтани ҳамин гуна сафсатаҳо водор мекунад, дур созед. Зеро нафс баъзан ба дил ғалаба мекунад, васвасаву галени дил боло мегирад. Худованд дар ин боб фармудааст: «Ва мо инсонро халқ кардем ва аз васвасаву андешаҳои ботиле, ки аз нафси ӯ бармехезад, комилан огоҳем. Мо ба инсон наздику қаринем, бештар аз он, ки раги гардан ба ӯ қарибтар аст». Дар Қуръон боз омадааст: Оят «Ҳува маъакум, айна мо кунтум». Яъне — ӯст бо шумо, ҳар ҷо ки бошед!

Ҳазрати Эшон боз таъкид менамуданд, ки хирқаи сӯфиёна набояд нишонаи ғурур, кибр гардад. Ин

пешина
аз 176
навбатӣ