Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Каримбердии миёна ва поён аз оби он ошомида, онро бо эҳтиром Чашмаи Эшон ном мегиранд.

ТАБИБИ РӮҲШИНОС

Баҳри ту бар барру баҳр биштофтаам,
Ҳомун бибурида, кӯҳ бишкофтаам.
Аз ҳар чӣ расида пеш, рӯ тофтаам,
То раҳ ба ғарими васли ту ёфтаам.

Мадрасаи Ҳазрати Эшон дар ҳамвории канори дарёча воқеъ аст, ки онро Галахирман низ ном мебаранд. Сӯфаи калони таги дарахти тутӣ кӯҳансол паҳлӯи он тавре ҷойгир аст, ки агар то нисфирӯзӣ соя аз ҷониби бинои мадрасаву теппа биафтад, баъди намози пешин шоху барги гули тут онро аз офтоб ҳифз менамоянд. Аз ин лиҳоз намозхонҳо, муридони бобои Эшон аксар вақт ҳамин ҷо нишаста сӯҳбат мекунанд, роҳи Ҳазратро, ки аз баландӣ аз иқоматгоҳашон меомаданд, мепоянд. Ҳазрат дарсҳоро дар мадраса гузаронида, барои тиловату дамгирӣ ба он ҷо мерафтанд, чун пайдо шаванд, нахуст меҳмонону қорафтодагони пазмонгаштаро зиёрат менамуданд. Аксари онҳо маризон, хешовандонашон буданд, ки аз роҳҳои дур меомаданд.

Гашти рӯз аз камари теппа писарчаи логарандому тахминан 10-12 солае пеш-пеш ва аз ақибаш марди қоматбаланде бо асояш палмосида-палмосида, дасти ба даст фаромада назди суфа омаданд. Аввал Ҳазрати Эшон, сипас муридонашон ба пешвоз бархостанд, маризро ба болои курпача шинонданд. Обу таъом кашиданду холпурсӣ карданд. Маълум шуд, ки аз деҳаи

пешина
аз 176
навбатӣ