Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

дигар гӯристон шуданд ва халқ тааҷҷуб шуданд, аз мақоми бузургии ин Шайх.

Шайхулислом Абубакр Фазли Бухорӣ, ки онҷо ҳозир буданд, дар таъзияи ин Шайх гуфтанд, ки ин мақоме нест, ки бало аз худ дур кунад ва ба дигарон афганад. Чун маро вафот расад, дар он гӯристон, ки морону каждумон дар он шуданд, дафн кунанд, аҷибҳо ба шумо намоям. Баъд аз чанд муддате чун ӯро вафот расид ва ӯро ба хок дафн карданд, садҳо ҳазор мору каждум аз гӯрҳои мардумон берун омаданд ва бимурданд. Имрӯз дар он гӯристон азоби қабр нест. Мардуми Бухоро ин сухан бидонанд ва маъруф донанд.

Ҳазрати Эшон аз китоби «Тӯҳфат-ул-носеҳ» аксар вақт пандномаи пайғамбар Ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи вассаламро мехонданд. Аз он ҳикоят меоварданд:

Рӯзе Ҳазрати Расулаллоҳ салаллоҳу алайҳи вассалам бо асҳоб нишаста буданд, ки марде даромад. Гуфт, ки ман аз роҳи дур омадам, маро панде гӯед ва ман аз рӯи пандҳои шумо амал кунам, то маро буроки охират бошад. Ман савол кунам ва шумо ҷавоб бидиҳед. Фармуданд, ки савол кун.

Гуфт: Мехоҳам, ки бандаи хоси Ӯ бошам.
Фармуд: Каломи Маҷид бихон.
Гуфт: Мехоҳам аз тарсандагон бошам.
Фармуд: Маргро бисёр ёд кун.
Гуфт: Мехоҳам имони ман тамомтар бошад.
Фармуд: Бо халқ ҳандонрӯй бош.
Гуфт: Мехоҳам аз наздикони Худо бошам.
Фармуд: Бо халқ раҳмдил бош.
Гуфт: Мехоҳам гуноҳи ман рӯз аз рӯз кам шавад.
Фармуд: Тавбаву истиғфорро бисёр кун.
Гуфт: Мехоҳам аз ҳама тавонотар бошам.

пешина
аз 176
навбатӣ