Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Фармуданд: Бо нафси худ қаҳр кун ва аз Худо битарс, оби дида кун ва аз ҳаром худро нигоҳ дор.

Гуфт: Мехоҳам аз ҳама бузургтар бошам.

Фармуданд: Маргро бисёр ёд кун.

Гуфт: Мехоҳам сахтии ҷон додан ба ман набошад.

Фармуданд: Беморонро пурсида бош ва дили парешони эшон хуш кун.

Гуфт: Мехоҳам азоби гӯристон ба ман набошад.

Фармуданд: Либоси худро аз наҷосат пок дор.

Гуфт: Мехоҳам, ки халоиқ маро дӯст дорад.

Фармуданд: Забони худро аз дурӯғ гуфтан нигоҳ дор.

Гуфт: Мехоҳам ғазаби Худои таъоло бар ман набошад.

Фармуданд: Сертоъаткунанда бош.

Гуфт: Мехоҳам моли ман зиёда шавад.

Фармуданд: Бандагонро некӯ дор.

Ҳикояти дигар:

Рӯзе Расули акрам саллаллоҳу алайҳӣ ва саллам бо асҳоб нишаста буданд, аъробие даромада, гуфт:

  • Ё Расулаллоҳ, ман аз раҳи дур омадам. Ба ман пандҳо кунед ва ман ба панди шумо амал кунам, то маро буроқи охират шавад.

Ҳазрати Расулаллоҳ саллаллоҳу алайҳӣ ва саллам гуфтанд:

  • Чӣ мехоҳӣ?

  • Гуфт: Мехоҳам, ки ҳамеша дар сӯҳбати Шумо бошам.

  • Фармуданд: Панҷ вақт намозро гузор, ҳамчунон бидон, ки ҳамсӯҳбати ман ва дар талаби Худо бошӣ.

Гуфт: Ё Расулаллоҳ, ман кохилнамозам.

Фармуданд: Аз кохилнамозӣ як моҳ рӯза дор.

пешина
аз 176
навбатӣ