Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Шоҳи Хомӯш, Хӯҷа Аюби Ансорӣ, Домулло Муҳаммадалӣ, Домулло Хол ва дигаронро бо некӣ ба забон мегирифт. Сари чанд вақт ба зиёраташон мерафтанд. Муридонро ба омӯзиши эҷод, бузургдошти рӯҳи эшон талқин месохтанд.

Эй, ки дар шаръи худовандони хол
Мекунӣ аз суннату фарзам суол.
Суннат омад рух зи дунё тофтан,
Фарз – роҳи қурби мавло ёфтан.

МУРИДОНИ ДИГАРИ ЭШОН

Ҳазрати Эшон хуб медонистанд, ки илм, ахлоқ, фарҳанг тавассути мубаллиғону пайравони асил реша медавонад, қавӣ мегардад, бахусус дини мубини ислом ба ин нерӯ сахт эҳтиëҷманд аст. Аз сухани неки як мубаллиғ, муриди ҷонсупор, рӯҳонии хирадманду соҳибэҳтиром ҷонибдорону пайравони вофир пайдо гашта, пояи эътиқоди мардум мустаҳкам хоҳад шуд. Дар симои мурид, рӯҳоние, ки дилу амалаш якест, чун оина одамон нуқсу ғубори сухану рафтор ва умуман ахлоқи хешро ислоҳ месозанд, таҳрир менамоянд, тағйир медиҳанд, пеш мераванд. Ҷомеа бо кӯшиши онҳо поку мубарро, фораму фарахбахш мегардад. Аз ин лиҳоз Эшони Алааспа ба парвариши муридон басо ҷиддӣ машғул мегаштанд. Пеш аз ҳама таълимоти Имом Ғаззолӣ - пешвои илми тасаввуфро ҳар лаҳза таъкид менамуданд. Тасаввуф чист? Он чӣ дар сар дорӣ бинихӣ, он чӣ дар каф дорӣ бидиҳӣ, он чӣ бар ту мерасад начаҳӣ. Тасаввуф - шайхӣ, худфарсой дар роҳи Худо ва пайваст шудан ба рӯҳи Илоҳист.

пешина
аз 176
навбатӣ