Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
он оид шуд, ки тахти амири Бухоро, тахти ислом вожгун шуд. Он кас ҳоло бо аҳли рикоб дар фироранд. Мулкро аҷнабиён, онҳое, ки аҳли дину мазҳаби мо нестанд, таҷовуз карданд. Акнун он тарафаш чӣ мешавад, кори Ҳақ таъолост. Вазифаи ҳар бандаи Худо дар ҳоле, ки фитна бархостааст, ҳушёрӣ, зиракӣ, ҳифзи молу ҷони хеш аст. Сабуру тифоқ бошед, ноумед нашавед, ки шарики шайтон хоҳед гашт.
XXX
Чун амир ба Ҳисор расид, ҳокимони маҳаллиро ба кӯмак хонд, лашкари бисёр ҷамъ кард. Аз мавзеи Ховалингу Балҷувон ба мадади ӯ Қосим-туксабо ва Давлатманд шитофтанд. Аммо ин ҳама дар муқобили дастаҳои ҳарбию сиёсии экспедитсионии Ҳисор, ки аз Бухоро меомад, муқовимат карда натавонистанд, шикаст хӯрданд. Қосим-туксабо захмин гашту чун ӯро ба Ховалинг оварданд, аз дунё гузашт. Амири Бухоро Олимхон аз Душанбе ба Кӯлоб фирор кард. Аммо бо ин мубориза анҷом наёфт. Ҷонибдорони амир аз як тараф ва сарбозони лашкари сурхҳо аз ҷониби дигар ба задухӯрдҳои шадид оғоз намуданд. Ҳокимону хӯҷаинҳои нав ба мақсади решакан кардани сохти кӯҳна, аз ҳама пеш, ашхоси ватандӯсту мазҳабпарасту тақводорро ба нестӣ мерасонданд. Онҳо хуб медонистанд, агар заррае аз ифтихори милливу мазҳабӣ дар ниҳоди мардум монад, ҳеҷ гоҳ ба истилогарони аҷнабӣ сар нахоҳанд фаровард, пас кори хӯҷайнии онҳо мушкил мегардаду мулкро тороҷ карда, зару зеварашро ба яғмо бурда наметавонанд. Барои ҳамин афроди дасти чапро аз росташ фарқ мекардагиро бо баҳонаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё