Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
«муптзӯр», «мулло», «душмани халқ» ва «унсури феодалӣ» дошта мебурданд, ба қатл мерасонданд. Домулло Мирзо - писари Мирзо Ноёб - хатмкардаи мадрасаи Мири Араб буду дар гузари Қозии Ховалинг мударрисӣ мекард. Ҳангоми гирудори уламоҳо сарбозон ӯро дар роҳ боздошта, ваҳшиёна ба қатл мерасонанд. Акнун соҳибони мулк дар Ватани хеш бегонавор, ҳаросон, бо тарсу ларз, аз чашми якдигар пинҳонӣ дар гурезогурез умр ба сар мебурданд. Деҳаи Каримбердӣ низ баробари дигар шаҳру деҳи кишвар гаштаю баргашта талаву тороҷ мегашт. Аммо ягон сарбози шӯравӣ ё кумандаонаш ё нафари босмачиён ҷуръати ғасби ҳавлии Эшони Алааспаро надошт. Акнун хонаҳои ӯ, саҳни богу роғаш пур аз гурезаҳо, хонабардӯшшудагон гаштааст. Аз деҳҳои пур аз хӯрокаш ҳам, ба истилоҳ «босмачиён» хӯрок мехӯрданду ҳам салот (сарбозони лашкари сурхро ҳамин хел ном мебурданд).
Рӯзе сарвари «босмачиҳо» ӯро ба хаймае, ки канори қишлоқ буд, чег зада дӯгу даранг кард:
-
Бобои Эшон, хабар расид, ки дипа салота нон додай? Медонӣ, ки ба кофари зидди дини мубини мо озукаву пӯшок додану хайрхоҳӣ кардан гуноҳ аст? - пурсид ӯ, ки болои асп менишаст.
-
Медонам, писарам, лекин меҳмонеро, ки аз роҳи сулҳ, бо нияти таъомхӯрӣ омадааст, ранҷондан гуноҳ аст. Ҷои ҷангу кинаварзӣ майдон аст, на сари дастархон...
Ҳазрати Эшони Алааспа сиёсатмадори дурандешу босубот низ буданд. Аз файзи омӯзиш, ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳминии комил, доштани илми ҳол дарк менамуд, ки ҳокимияти ҷадид гарчанде хилофи дин ҳам бошад, соҳибиқтидору қавидаст аст. Ӯ ба онҳое, ки бар зидди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё