Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
кисту забткорон киҳоянд? Инро танҳо ба мардум орифон, олимон шарҳ дода метавонанд, омма ба сухани онҳо гӯш хоҳад дод, аз дунболи онҳо хоҳад рафт. Молдорон, ҳунармандон низ ба табақаи зиёӣ шомиланд. Оре, онҳо низ ба василаи маърифат, ақлу фаросат, зиракӣ ба ин мартабаҳо расидаанд ё соҳиби моли хусусӣ шудаанд. Пас ҳарду гурӯҳро аз сари роҳ бояд бардошт, то мардум дар ҳоли ҷаҳолати мутлақ бимонад. Ҷосусҳои ЧК аз рӯи ҳамин нишондод, дастур бо иғвову дасиса ҳамаи маорифпарварону рӯҳониёни кишварро ба маҳкама мекашиданд. Онҳоро саросар ба қатл мерасониданд. Боқимондаҳояшон фирор мекарданд, ҷилои Ватан менамуданд. Шаҳру деҳ пур аз баччу қачи сагерамонда шуд. Барои онҳоро аз нав, дар рӯҳияи бемазҳабию бемиллатӣ парвариш намудан сагирхонаҳои сурх бунёд шуд. Солҳо гузаштанд. Имрӯз бархе аз тарбиятёфтагон ҳатто бо ифтихор мегӯянд, ки моро давраи шӯравӣ тарбия намуд, вагарна мемурдем. Касе аз онҳо шояд рӯзе биандешад, ки охир онҳо падар доштанд-ку? Пас падарони онҳо куҷо шуданд? Ва касе ҳам то солҳои охир ин розро ифшо карда наметавонист, наметавонист бигӯяд, ки волидайнашонро куштанд ё ба он сӯи марз фирор карданд, ҳуқуқ ҳам надошт. Агар дар шаби хобаш гап мезад, дами субҳ нест мешуд. Аммо ин ҳама мавзӯи оянда аст, ҳоло меоем ба сари мавзӯи хонадони бобои Эшон.
ТАФТИШ
Рӯзе Ҳазрат дар масҷидашон ҳамроҳи Эшони Қорӣ қалуг менишаст, ки як марди ҷомапӯши ношинос салом дода, ворид шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё