Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
-
Таксирам, гапи маро бигиред, дигар ҳамин кампиру занҳои бегонаро ба ҳавлӣ роҳ надиҳед, ба андешаи ман баъзеи онҳо ҷосусӣ мекунанд.
-
Мо аз чӣ метарсем, писарам, мана чӣ коре хоҳанд бикунанд, - лабханд зад Ҳазрат.
-
Шумо ҳеҷ амали носавобе надоред, пирам, аммо бисёриҳо худашон ҳар хел гапа ба миён меоваранду баҳс менамоянд. Боре чашмам ба кампири Гулхоним часпид, ки нисфи шаб бо наберааш ҳам шуда, гӯш ба равзани шумо мондааст. Наздикшавии маро дид, ба замин нишаст, гӯё ба ҳоҷате берун рафтааст.
-
Кадом шаб?
-
Ду рӯз пеш, вақте ки муридонатон аз Дарвозу Ваҳё омада буданд. Медонед таксирам, домоди ин пиразан ҷуҳуд аст. Чашми онҳо бад метобад, худи занак ҳам бо баҳонаи рӯбучин дар ҳавливу меҳмонхонаҳои Шумо мегардад.
-
Хайр писарам, бадро ҳаволаш ба Худо! Баччам Абдулмаҷид, бо акаи Назарат хонаро бонӣ кунед, мо рафтем, - дуъо дод бобои Эшон ва бо 10-15 нафар муридонаш аспсавор беруни ҳавлӣ шуданд.
Ҳафтае сипарӣ шуд. Овозаи гирудори муллоҳо, заминдорон дар ҷанозаву маъракаҳо паҳн мешуд. Замона хеле ҳассос гашт. Каси як ҷуфт гов доштагӣ, ҷувозу ҳаллоҷӣ доштагӣ - «муштзӯр», «кулак», «бой»; каси ҳарфи ниёгонро медонидагӣ, китобхон ё бо китобхонҳо рафтуомад мекардагӣ - «душман» ба ҳисоб мерафт. Олимон китобҳои худро ба заминҳо гӯр мекарданд ё ба ғору дарёҳо мерехтанд. Агар аз хонадони касе як пораи хати форсӣ, арабӣ меуфтанду се кас шоҳидӣ медод, ба ҳабс меафтид, нест мешуд. Хӯҷаинҳои нав медонистанд, ки зулму асорати онҳо беҷост, беадолатист. Ҳақ кист, ноҳақ кист, ватандор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё