Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
тоқати бурданатро надорам, ранҷидӣ чӣ? Ё аҷабо, мемирам, чӣ бало?
Ҷавони логарандом суханашро ба охир нарасонида, аз болои асп дастонаш ба ду тараф овезон саркашол шуд. Аз кунҷи даҳонаш кафк мебаромад. Бобои Эшон ӯро аз болои асп фаровард, ҷомаашро болишт карда, канори роҳ хобонидаш ва дид, ки дар миёнаш аз таги ҷома туфангу шамшер дорад. Даст ба пешониаш бурд, ба китфаш тап-тап зад. Дарду ранҷи ногаҳонӣ дудворе ҷисми ҷавонро тарк гуфт. Араки пешонаашро пок намуда, лоба мекард:
-
Ҳай беаклӣ кардам, бобои Эшон, маро бубахш!
-
Ҳеҷ гап не, баччам, ба ту супориш шудааст. Бархез, ба аспат савор шаву маро бибар, вагарна азобат медиҳанд...
-
Не, тақсирам, ба ҳеҷ ваҷҳ намебарам ва то илоҷе дорӣ нарав, ки нобуд мешавӣ, падар.
-
Ҳамаш ба хости Худо вобаста аст.
-
Фармони ҳабсу қатлат ана дар дасти ман аст. Ҳозир пурсиш нест, ҳайф мешавӣ, - илтиҷо менамуд ҷавон.
-
Ному насабатро бигӯй баччам.
-
Номам Абдулло, падарам Талаб ном доштанд, ӯро низ нопурсида парронданд. Дар прокуратура кор мекунам, гуфт саросема ҷавон ва ба аспаш қамчин зада, аз назди бобои Эшон дур шуд ва раҳорах меандешид:
-
Ҳоли маро ноӯҳдабаро гуфта аҷаб не, ки аз хизмати прокуратура сабукдӯш намоянд. Э, бало ба паси вазифаҳои дурӯғаашон. Каромати тақсира бубин. Ба Каримбердӣ рафтани маро як кампирак дида буду халос. Ӯ гуфт, ки бобои Эшон ба Тоқакаппа фирорӣ шуд. Ман миёнабур дарун-даруни пахтазор пинҳонӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё