Зеҳн
ҲАРФЕ, КИ МО МЕХОНЕМ

Дар олам хат бисёр аст. Ҳар хат алифбо ва намунаи хос дорад. Алифбои мо кириллӣ мебошад. 80 сол инҷониб ҳамин хатро мехонему менависем. Пеш аз ин хати мо лотинӣ буд. Аз лотинӣ пештар форсӣ, пеш аз форсӣ хати суғди, паҳлавӣ ва мехӣ хонда менавиштем... Китобе, ки бачаҳои азиз, дар даст доред, таърихи пайдоиши хатҳост. Муаллифи вобаста ба алифбои Брайл (барои нобиноён) ва дактиологӣ (барои мардумони гушашон ношунаво ва забонашон лакнатдошта) низ маълумоти аҷиб ҷамъ овардааст.

зеҳни сунъӣ · 11 октябри 2024 · 5 саҳифа · 1 писанд

Наврасон
Аз аввал хондан

ХАТТУ ЗАБОНҲОИ ҚАДИМТАРИНИ ОРИЁӢ

Пеш аз алифбои авестоӣ гузаштагони мо аз кадом хатҳо истифода мекарданд?

Гузаштагони мо дар давраҳои қадимтарин бо забонҳои гуногуни ориёӣ гап мезаданд. Ориёиҳо аз қабилаҳои ҳиндуэронӣ баромадаанд. Қабилаҳои ҳиндуэронӣ аз қабилаҳои ҳиндуориёӣ мебошанд, ки дар ҳавзаи Эрони қадим ва Ҳинди қадим зиндагӣ мекарданд.

То имрӯз чанд намунаи забон ва хатти гуногуни ориёиҳои қадим боқӣ мондааст. Намунаи хатҳои авестоии қадимтарин, скифӣ, модӣ, санскрит аз ҷумлаи онҳост. Забони қадими нуристонӣ дар Афғонистон, забонҳои ҳиндуориёӣ, ҳиндуэронӣ ва ориёии қадим бо забони санскрити Ҳинди қадим хеле наздиканд. Дар ин бора дар китоби муқаддаси ҳиндуҳо «Регвидо» ва китоби муқаддаси зардуштиён “Авесто” (Қисми «Готҳо») маълумот мавҷуд аст.

ИЕРОГЛИФҲО

Иероглифҳо – санг навиштаҳо, деворни гораҳое ҳастанд, ки аз қаъри таърих то замони мо расидаанд. Гузаш тагони мо мисли ҳама халқҳои дигар, пеш аз пайдо шудани хат, аз иероглифҳо истифода мекарданд. Дар иерог лифҳо бештар шакли ҳайвонот, амалҳои ода мон, нишонаву ало матҳои гуногун тасвир шудаанд. Одамони пе шин ба ин восита эҳсосоти худ ё саҳифаҳои ҷудогонаи зиндагиашонро тасвир мекарданд.

Шумериҳо нахустин кашфкунандагони хат мебошанд. Хатҳои аввалини онҳо ба шакли иероглиф буд. Матнҳои аввалини онҳо аз тасвир, сурати ашё иборат буд. Масалан, барои навиштани паранда тасвири он, барои нишон додани об – рамзи обро тасвир мекарданд.

Бостоншиносон дар дунё намунаҳои зиёди иероглифҳоро пайдо кардаанд, ки аз давраҳои гуногуни таърих ва зиндагии одамони қадим шаҳодат медиҳанд.

АДАДҲО

Ададҳо барои сабти миқдори ашё истифода мешаванд Дар муддати ҳазорсолаҳо одамон барои муайян кардани миқдори ашё аз ангуштони даст ва чӯбчаю сангчаҳо истифода мебурданд.

Айни замон одамон ададро барои андоза кардани вақт, харидуфурӯш, занг задан, вақти тамошои телевизор, автомобил рондан ва ғайра истифода мебаранд. Илова бар ин ҳар як одам ба худ рақами гуногуни шахсӣ: дар шаҳодатномаи шахсӣ, шиноснома, ҳисоби бонкӣ, ҳисобу китоби шахсӣ ва ғайра дорад.

Дар ҳама давраҳои таърихӣ ҳар як халқ ба тарзи гуногун ададҳоро менавиштанд, мехонданд ва мешумориданд.

АДАДҲОИ РУМӢ

Рақамҳо ё рамзи ададҳои румӣ 500 сол пеш аз милод пайдо шудаанд. Румиҳо ин рамзҳоро аз алифбои забони этрусӣ гирифтаанд. Алифбои этрусӣ дар асоси хатти ғарбии Юнонои қадим офарида шудааст.

Рақамҳои румӣ ба воситаи такрори ададҳо навишта мешаванд. Агар рақами калон пеш аз рақами хурд навишта шуда бошад, ба шумораи рақами калон шумораи рақами хурд изофа ё зам мешавад. Масалан, XV (10+5)=15. Агар адади хурд пеш аз адади калон ҷой гирифта бошад, шумораи он аз шумораи рақами калон тарҳ карда мешавад: IX (1–10)=9.

РАҚАМҲОИ АРАБӢ

Рақамҳо ё рамзи ададҳое, ки мо имрӯз менависем, системаи ҳисоби даҳӣ ном доранд. Аксари халқҳои дунё дар ҳисобу китоби худ ин рақамҳоро истифода мебаранд. 0 1 2 3 4 5 6 7 8 9

Ин рақамҳоро барои он ара бӣ меноманд, ки арабҳо паҳнку нандаи ин намуди низоми ҳисоб ҳастанд. Дар асл ин намуди ҳисоб тақрибан дар асри V дар Ҳинд пайдо шудааст.

Паҳнкунандаи асосии ин намуди ҳисоб донишманди бузурги тоҷик Абурайҳон Муҳаммади Хоразмӣ мебошад. Ӯ дар ин бора дар китоби «Дар бораи ҳисоби ҳиндӣ» навиштааст.

Арабҳо ин системаи ҳисобро ҳиндӣ меноманд. Аммо халқҳои Аврупо ин рақамҳои ҳисобро «ҳиндуарабӣ» ва «форсӣ» мегӯянд. Ин низоми ҳисоб дар асри X дар Аврупо машҳур шуд.

ЧАРО РАҚАМҲОИ АРАБӢ АЗ ЧАП БА РОСТ НАВИШТА МЕШАВАНД?

Рақамҳои арабӣ дар аксари кишварҳои дунё ва кишварҳои арабии Африқо ба тарзи 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 навишта мешаванд. Тарзи навишти ин рақамҳо дар кишварҳои Эрону Афғонистон ва кишварҳои арабии Осиё ва Миср бо рақамҳои алифбои арабӣ ٠١ ٢ ٣ ٤ ٥ 􏰀 ٧ ٨ ٩ мебошад. Дар як қатор забонҳои Ҳиндустон, Канада, забонҳои тибетӣ ва ғайра ҳамин низоми бо аломатҳои хатти онҳо навишта мешавад.

Дар алифбои арабӣ навишт аз рост ба чап аст. Аммо рақамҳоро аз чап ба рост менависанд. Сабабаш чист? Паҳнкунандаи ин рақамҳо ба Шарқу Ғарб олими форсу тоҷик Абурайҳон Хоразмӣ медонист, ки ин рақамҳо арабӣ нестанд. Бинобар ин дар дохили матни арабӣ онҳоро аз чап ба рост менавишт. Ин тарзи навишти Берунӣ дар тамоми дунё қабул шуд.

АЛИФБОИ БРАЙЛӢ

Онҳое, ки ҳарфҳоро дида наметавонанд, нобиноянд. Онҳо магар хонда наметавонанд? Метавонанд! Онҳо ҳарфҳои Брайлиро истифода мебаранд. Ҳарфи Брайлӣ чист?

Ҳарфҳои Брайлӣ ин алифбо барои нобиноён аст. Ин алифборо педаго ги фаронсавӣ Луи Брайл дар синни 15 солагиаш, соли 1824 тартиб додааст.

Луи Брайл дар синни 3 солагӣ дар устохонаи падараш аз биноӣ маҳрум мешавад. Ӯ дар мактаби нобиноён дарс мехонад. Он вақт нобиноён аз алифбои хатҳои барҷастаи рост дарс меомӯхтанд. Он алифбо мушкил буд. Барои ҳар як ҳарфро шинохтан чанд сония вақт лозим мешуд. Луи Брайл алифбои худро дар асоси барҷастагии дақиқи аломати ҳарфҳо эҷод кард. Ӯ ин алифборо чанд сол такмил дод. Соли 1837 алифбои Брайл дар ҷаҳон паҳн шуд. 183 сол аст алифбои лотинии барои нобиноён эҷодкардаи Брайл бетағйир боқӣ мондааст.

пешина
аз 5
навбатӣ