Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
суръат гузашта, ба сӯи раҳгузарон шиллик кардааст. Мо ӯро ҳамроҳ гирифта, ба хобгоҳ баргаштем ва давоми ҳодисаро аз телевизор тамошо кардем. Тазоҳуркунандагон автобусҳоро гардонда, роҳро бастанд. Аввал биноро сангборон карда, шишаҳои тирезаҳоро шикастанд ва сонӣ ҳамла карда, ба ошёнаи якум зада даромаданд. Ин вақт зиреҳпӯшҳо пайдо шуда, дар майдон бо суръат пешу пас меронданд ва аз болои сари мардум шиллик мекарданд. Рӯзи дигар эълон карданд, ки аз тири сарбозон
25 нафар кушта ва теъдоди бештар захмӣ шудаанд. Ин воқеа дар забони мардум «Баҳмани навад» ва «Баҳмани хунин» ном гирифт.
Дар асари ин воқеа чордаҳуми феврал роҳбари Ҳизби коммунист Қаҳҳор Маҳкамов, Раиси Шӯрои олӣ Ғоибназар Паллаев ва Раиси шӯрои вазирон Иззатулло Ҳаёев истеъфо доданд, вале Кумитаи марказии ҳизб ва Шӯрои олӣ истеъфои онҳоро қабул накард. Баръакс, моҳи апрел Маҳкамов ба симати Раиси Шӯрои олии Тоҷикистони шӯравӣ интихоб шуд.
Бисту чоруми августи соли навад Шӯрои олии Тоҷикистон Эъломияи истиқлоли кишварро дар ҳудуди Шӯравӣ қабул кард ва сивуми ноябр Қаҳҳор Маҳкамов – Раиси Шӯрои олӣ ба мақоми Раиси Ҷумҳур ва ба ҷои ӯ Қадриддин Аслонов ба ма қоми Раиси Шӯрои олӣ интихоб шуд.
Ин аввалин иштибоҳе буд, ки содир шуд. Зиёиёни ташнаи за бону фарҳанги миллӣ, Маҳкамови русгароро аз худ ҳисоб намекарданд ва зиддаш ба муборизаи шадид бархостанд. Онҳо аз бетаҷрибагӣ намедонистанд, ки дар сиёсат набояд «киштиро зиёд такон дод», зеро он метавонад ба шӯру қиём биёварад ва вақте мардум ба хиёбон рехтанд, идора кардани тартибот корест сахт ва мушкил. Беҳуда нагуфтаанд, ки яксола ҳокимияти золим беҳтар аз якрӯза ҳарҷу марҷ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё