Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

САФАР БА ҲИНД

иёнаҳои моҳи августи соли 1991 маро ба шуъбаи кадри МДонишгоҳ даъват карда, суроғаву рақами телефон ва номи як нафарро аз Вазорати маорифи Шӯравӣ дар Маскав дода, фармуданд, ки рӯзи 20-уми август ба он ҷо ҳозир шавам.
Баъд аз хайрухуш бо волидон, бародарам Абдулҳаким маро аз фурудгоҳи Хуҷанд ба Маскав гусел кард. Ба фарқ аз хизмати сар бозӣ, ин бори аввал буд, ки ман мустақилона ва танҳо аз Тоҷи кистон берун сафар мекардам ва ба ман як ҳиссиёти аҷибе даст дод. Гӯё як қисми дилам канда шуда, дар Тоҷикистон монда буд. Бо як ҳиссиёту ҳаяҷон аз пешомади номуайян парвоз мекардам. Тасаввуроти ман дар бораи Маскав ноқис буд. Ғайр аз соати бурҷи Кремлин, ки ҳар рӯз дар барномаҳои ахбори телевизор нишон дода мешуд, аз Маскав чизи дигаре намедонистам.
Он замон Маскавравӣ ба кам касон муяссар мешуд. Дар хаёлам Маскав як шаҳри бузурге метофт, ки дар он ба қавли маъруф, «саг соҳибашро намеёбад». Нигарон будам, бим доштам, ки шояд раҳгум занам, сарсону саргардон шавам.
Фурудгоҳи Домодедовои Маскав он замон нисбат ба имрӯз хеле хурду назарногир буд. Аз ҳавопаймо пиёда шуда, ба берун баромадам ва аз телефони дутина ба рақами вазорат занг задам.
Он тарафи хат як нафар хеле муаддабона, ба ман фаҳмонда дод, ки чӣ гуна ба наздаш биёям.
Аз фурудгоҳ бо қатори барқӣ ба истгоҳи гуфтааш расида, ба метро даромадам ва зуд ба ҷои лозим расидам. Дар ҳавопаймо фикр мекардам, ки хеле сарсону саргардон хоҳам шуд, вале метрои Маскав воқеан ёфтани суроғаро осон кард. Он мард маро хуш қабул карду паспортамро гирифта, ба дастам як суроғаро навишта дод ва гуфт, ки рафта дар ҳамин хобгоҳ ҷойгир шавам ва рӯзи дигар ба наздаш биёям. Ин дафъа ёфтани хобгоҳ душвортар менамуд, зеро ғайр аз метро боз ду бор трамвай иваз

пешина
аз 253
навбатӣ