Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
аслан дастрас набуданд. Касоне, ки либосу кафши хуштарҳи хориҷӣ дошта бошанд, хушбахт ҳисоб мешуданд ва онро бо ифтихор мепӯшиданд.
Вақте мегуфтанд, ки дар Амрико шалворҳои «ҷинс»-ро ҳамчун либоси кори сиёҳ мепӯшанд, ҳама ҳавас мекарданд, ки як рӯз ҳам бошад дар Амрико коргари кори сиёҳ бошанд.
Мардум он қадр муштоқи либоси хориҷӣ буданд, ки вақте як сол ниҳодҳои савдои шӯравӣ аз Покистон либоси рӯй ворид кард, одамон ҳама аз он хариданд. Дар пушти ин болопӯш бо ҳарфҳои калон «TABANI» навишта шуда буд. Душанбе ба таври хандаовар шаҳри «TABANI»-ҳо шуда буд. Ҳар куҷо нигоҳ кунед, дар пушти одамон бо ҳарфҳои калон ин ном навишта шуда буд. Хурду калон аз ин болопӯш мепӯшиданд.
Дар замони донишҷӯии ман дар Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе як бозори ғайриқонунӣ бо номи «толкучка» амал мекард. Ин ном дар забони русӣ ду маъно дорад, яке ҷои серодам, дигаре бозори колои дасти дувум, ки ҳарду ҳам ба ҳамин бозор дуруст мегирифтанд. Дар ин бозор ҳама гуна либосу кафши хориҷӣ харидуфурӯш мешуд. Касоне, ки барояшон са фари хориҷа муяссар мешуд, аз он ҷо ҷомадонҳои худро аз коло пур карда меоварданд ва баъдан дар ин бозор фурӯхта, пул мекарданд. Он солҳо инчунин дар Душанбе теъдоди зиёди дониш ҷӯ ёни афғонистонӣ таҳсил мекарданд, ки онҳо низ ба таври қочоқ молу коло меоварданд ва дар ин бозор мефурӯхтанд.
Он солҳо ман дар хобгоҳи донишҷӯён зиндагӣ мекардам.
Дар байни донишҷӯён ҳамеша дар бораи нарху наво ва молу колои мавҷуди ин бозор суҳбатҳо мешуд. Баъзе аз донишҷӯён дар ин бозор савдо ҳам мекарданд. Ман як-ду бор ба ин бозор рафтаам. Ин бозор дар қисмати «Гипрозем»-и шаҳр, бевосита дар рӯи роҳи мошин баргузор мешуд. Одамони зиёд, он қадр зиёд, ки доим ба ҳам дакка мехӯранд, колои фурӯшӣ дар даст, равуо мекарданд. Яке кафшҳоеро дар даст ба ҳама нишон дода,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё